Баронесса Вивиен Стерн узви Маҷлиси Аъёни (House of Lords) порлумони Бритониё сафари худ ба Тоҷикистонро анҷом дод.

Тавре аз сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд, дар давоми сафари се рузаи худ, баронесса Стерн якчанд вохӯриҳо бо муовини вазири адлия, Изатулло Шарипов, муовини аввали вазири корҳои дохила, Нурулло Орипов, ва ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон, Зариф Ализода анҷом дод. Инчунин, ӯ бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон, ва кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи башари порлумони Тоҷикистон вохӯрд. Дар рафти ин мулоқот баронесса Стерн дар мавриди беҳбудии муасисаҳои баста ва ҳуқуқи башар мулоқот карданд.

 Дар рафти сафари худ Стерн дар чорабинии кушодашавии маркази бозомузӣ барои кормандони умури зиндон иштирок намуд. Ин маркази бозомӯзи аз тарафи сафорати Бритониё сармоягузорӣ шудааст, ки дар он ҷо кормандони умури зиндонҳо бозомӯзӣ мешаванд. Инчунин, бо таклифи муоҷини вазири адлия Изатулло Шарипов, баронесса Стерн аз зиндони рақами 7 Душанбе боздид кард.

 Баронесса Стерн аъзои кумитаи қонунгузории парлумони Бритониё мебошад. Аз соли 1989 то соли 2006 ӯ вазифаи дабири кулли ташкилоти Penal Reform International бар уҳда дошт. Беҳбудии умури зиндонҳо, қонуни ҷиноӣ, ҳуқуқи башар ва рушди умумиҷаҳонӣ доираҳои фаъолияти баронесса Стерн ва сафорати Бритониё дар Тоҷикистон мебошанд. Илова бар ин баронесса Стерн вазифаи раиси созмони Бритониё ва Тоҷикистонро бар уҳда дорад. Ин созмон барои равнақ додани ҳамкориҳои порлумонии ду кишвар мекӯшад. Сафари кунунии баронесса Стерн далели хоҳиши равнақ додани равобити полумонӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба мебошад.