Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба фаъолияти терминали марказии мусофиркашонии пойтахт (автовокзал), пас аз таъмиру таҷдид ҳусни оғоз бахшид. Акнун ин терминал ба ширкати «Asian Express Airline» мутааллиқ аст.
Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи иншоот сарвари давлат ба сармоягузорону ташаббускорон ва ҳамаи онҳое, ки дар амалӣ гардидани лоиҳаи барқарорсозии терминали мусофиркашонии шаҳри Душанбе ва ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами он саҳми ватандӯстонаи хешро гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ кард.
Президенти мамлакат хотиррасон намуд, ки саристгоҳ ё вокзали автобусҳои пойтахт тайи чанд соли охир аз фаъолият бозмонда буд ва бо ташаббуси роҳбарияти Ҷамъияти саҳҳомии «Холдинг Контгрупп Тоҷикистон» дар муддати начандон тӯлонӣ якҷо бо шарикони сармоягузор бо сарфи 140 миллион сомонӣ ва бо истифода аз технологияҳои муосири сохтмону меъморӣ таъмиру таҷдид гардид ва имрӯз мавриди истифодаи мусофирон қарор дода шуд.
Дар терминали имрӯза барои мусофирон маҷмӯи хизматрасониҳои зарурӣ, аз ҷумла толори интизорӣ, навори ҷадвали ҳаракати автобусҳо, хазинаҳои чиптафурӯшӣ, намояндагии Бонки “Конт ИнвестБонк”, мағозаву қаҳвахона, хонаи модар ва кӯдак, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, инчунин барои воситаҳои нақлиёт истгоҳи калон ва нуқтаҳои хизматрасонии техникӣ, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалианд, омода ва мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Дар натиҷаи азму талоши масъулони татбиқи лоиҳаи мазкур 12 сайрхати дохили мамлакат эҳё гардида, зиёда аз 300 нафар ба ҳайси ронандагон ва ҳайати хизматрасонии техникии воситаҳои нақлиёт, инчунин роҳбаладон аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ соҳиби ҷойҳои доимии корӣ шуданд. Инчунин дар назар аст, ки то охири соли ҷорӣ боз 400 ҷойи иловагии корӣ таъсис дода шавад.
Умуман баъди пурра ба охир расидани корҳои таҷдиду таҷҳизонидани терминал то якуним ҳазор шаҳрвандони мо бо ҷойҳои нави корӣ таъмин хоҳанд шуд ва то охири сол азхудкунии боз қариб 70 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Барои фаъолияти босамари терминал 40 адад автобусҳои мусофиркашони сатҳи байналмилалӣ, 40 адад нақлиёти сабукрави махсусгардонидашудаи истеҳсоли хориҷӣ ворид карда шудааст.
Ҳамчунин дар назар аст, ки вақтҳои наздик боз 300 адад автомашинаи сабукрав ва 50 адад автобусҳои замонавӣ ворид карда шавад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба шароити муосири дар ин ҷо муҳайёгардида баҳои баланд дода, пешниҳод намуд, ки ба он мақоми “Терминали байналмилалӣ” дода шавад.
Соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, ки ин терминали нақлиётиро ба кор дароварда, сохтмони маркази тиҷоратии замонавиро имрӯз оғоз намуданд, бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтанд, ки як корхонаи истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ дар шаҳри Душанбе ва як корхонаи коркарди нафт дар ҷануби Тоҷикистон бунёд намоянд.
Қобили зикр аст, ки автобусҳо дорои 49 ҷойи нишаст буда, дар пеши ҳар курсии ҷойи нишаст монитори бо Интернет насбшуда гузошта шудааст. Ҳамчунин автобус дорои яхдон, мизу курсӣ буда, дар бағочи он то 3,5 тонна бор ҷойгир карда мешавад. Стюардессаҳо ба мусофирон қаҳваву чой пешкаш карда метавонанд.
Фармоишгари терминали муосир ширкати ҳавопаймоии «Asian Express Airline» мебошад, ки ба ҳамлу нақли ҳавоӣ ва заминии мусофирон ва бору маҳсулот машғул аст. Иқтисодчӣ ва тоҷир Суҳроб Оймаҳмадов мудири кулли ширкат аст. Ширкат соли 2007 таъсис дода шуда, айни замон соҳиби 100%-и саҳмияҳои Терминали мусофиркашонии Душанбе аст.




“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста