Колин Робертс, сардори раёсати Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Миёнаи Вазорати корҳои хориҷаи Бритониё имрӯз ба Тоҷикистон ташриф овард.

Тавре аз сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин сафари аввалини ҷаноби Колин Робертс ба Тоҷикистон аст. Зимни сафари худ ҷаноби Робертс бо намояндагони олимақоми ҳукумати Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом дода, вазъ дар Тоҷикистон, Осиёи Миёна ва Афғонистонро баррасӣ менамояд.

Дар рафти сафари худ ҷаноби Робертс аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздид намуда, бо намояндагони ташкилотҳои мададрасони байнулмилалӣ гуфтушунид мекунад. Ҷаноби Робертс аз таълимгоҳи бозомӯзии кормандони қушӯнҳои сарҳадии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) низ боздид мекунад. Инчунин, ҷаноби Робертс аз саҳми барномаҳои Департаменти Рушди Байнулмилалии Бритониё дар соҳаи рушд шиносои пайдо хоҳад кард. Сафари дипломати воломақоми бритониёи то 20-уми март идома меёбад.

Ёдрас мекунем, ки Британия Кабир ният дорад, ки зимни хориҷ кардани нерӯҳои низомиаш аз Афғонистон аз қаламрави Тоҷикистон истифода кунад ва ин масъала чандин маротиба дар ҷараёни вохӯриҳои доираҳои дипломатии ҳарду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.