Чанде қабл дар Вазорати корҳои хориҷӣ мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ерлан Идрисов баргузор гардид. Дар гуфтушунидҳо ҳамчунин ҳайатҳои ҳарду ҷониб ширкат варзиданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод, обию энергетикӣ, гуманитарӣ ва самти муҳочират муҳокима намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин наздикӣ ва ҳамсон будани мавқеи ду кишварро оид ба ҳаллу фасли аксари масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ зикр намуда, оид ба дастгирии ташаббусҳои минтақавӣ ва байналмилалии ҳамдигар изҳори қаноатмандӣ карданд ва зарурати ҳамоҳангсозии минбаъдаи ташаббусҳои сиёсати хориҷии худро роҷеъ ба масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ таъйид сохтанд.

Дар натиҷаи гуфтушунидҳо вазирони корҳои хориҷии ду кишвар Барномаи ҳамкории байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумхурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон барои соли 2013-ро ба имзо расониданд.