Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон маросими имзокунии Ёддоштҳои табодулӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикитон ва Ҷопон оид ба кумаки бебозгашт дар чаҳорчӯби Лоиҳаи беҳтар намудани таҷҳизоти хизматрасонӣ ба роҳҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ, ҳамчунин Ёддоштҳои табодулӣ оид ба кумаки бебозгашт дар ҳошияи Лоиҳаи таҷдидкунии таҷҳизоти тиббӣ, обтаъминкунӣ ва қубурҳои обпарто ҷиҳати ҳифзи саломатии модар ва кӯдак баргузор гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, аз ҷониби Тоҷикистон санадҳоро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва аз ҷониби Ҷопон сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Хироюки Имахаши имзо намуданд.

Ҳамзамон бо мақсади татбиқи лоиҳаҳои бебозгашти номбурда ду шартномаи грантӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ба имзо расид. Он санадҳоро аз ҷониби Тоҷикистон вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва аз ҷониби JICA сардори намояндагии JICA дар Тоҷикистон Ҷиро Иида ба имзо расониданд.

Бояд зикр намуд, ки ҳукумати Ҷопон аз соли 1993 инҷониб барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва инчунин рушди захираҳои инсонӣ ба Тоҷикистон кумакҳои бебозгашти техникӣ мерасонад.