Имрӯз дар Душанбе Конфронси дуюми байнулмилалӣ оид ба ҳамкории минтақавии Тоҷикистону Русия ба кор шурӯъ мекунад. Чорабинӣ аз ҷониби Бунёди рушди «Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти авруосиёӣ» созмон дода мешавад.

Тавре аз намояндагии Бунёди мазкур дар ҶТ хабар доданд, кар кори конфронс кормандони мақомоти федералӣ ва минтақавии ҳокимияти давлатии Тоҷикистону Русия, намояндагони доираҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, олимону коршиносон ва рӯзноманигорон ширкат хоҳанд варзид. Дар кори конфронс иштироки ҳудуди 150 нафар дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, баррасии масоили дурнамои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар партави равандҳои ҳамгиройӣ дар маркази таваҷҷуҳи конфронс қарор мегирад.

Зимнан зикр гардид, ки дар кори конфронс ҳамчунин атрофи мавзӯъҳои таҳияи механизмҳои пурсамари идораи захоири иноснӣ, масоили муҳоҷирати корӣ, рушди бахшҳои маъмулӣ ва нави иқтисод, аз ҷумла гидроэнергетика, телекоммуникатсия, ҳамкориҳои гуманитариву фарҳангӣ табодули назар сурат хоҳад гирифт.