Ҳамаи чаҳор нафар номзадҳо ба вакили МН МО ҶТ барои иштирок дар интихоботи миёндаврӣ аз ҳавзаи №39-и Восеъ иҷозаи расмӣ гирифтанд.

Тавре аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ хабар доданд, чанде қабл чор нафар номзадҳо расман сабтином шуда, ба онҳо шаҳодатномаҳои дахлдор супурда шудааст.

Қобили зикр аст, ки аз ҳавзаи интихоботии мазкур аз Ҳизби аграрӣ Зайниддин Сафаров, аз Ҳизби халқии демократӣ Неъматулло Ибодуллоев ва тариқи худпешбарӣ рӯзноманигор Раҷаби Мирзо ва Ҷӯрахон Қурбонов номзадии номзадии худро пешбарӣ намуданд.

Ёдрас мекунем, ки маъракаи интихоботи миёндаврӣ аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Восеъ ба ҷойи намояндаи мардумии ваколатҳояшро пеш аз муҳлат супурда Рустам Латифов санаи 5-уми май доир мегардад. Рустам Латифов бо фармони сарвари давлат раиси ноҳияи Восеъ таъин карда шуд.