Раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров бар ин назар аст, ки Чин аз масоҳати таъиншудаи Душанбеи расмӣ бештар қаламрави Тоҷикистонро гирифтааст. Зойиров маҳз дар ин робита сурат гирифтани тамринҳои низомӣ дар Хоруғро аз эҳтимол дур намедонад.

Бино ба иттилои сомонаи радиои эронии «Садои Хуросон» Раҳматилло Зойиров эҳтимоли вогузории бахши дигаре аз қаламрави ноҳияи Мурғоб ба Чин дар баробари қарзҳои молиии ҳукумати Душанберо низ таъкид кардааст.

«Ман шахсан ба ноҳияи Мурғоб рафтам ва дидам, ки марзбонони чинӣ дар бахше аз манотиқ то 20 километрии дохили хоки Тоҷикистон нуфуз кардаанд. Ҳол он ки бар асоси қарордоди аломатгузории марзи муштараки Тоҷикистон ва Чин, танҳо ҳазор километри мураббаъ аз заминҳои ноҳияи Мурғоб ба ҷониби Чин вогузор шуда буд», - зикр кардааст номбурда.

Гуфта мешавад, ин дар ҳолест, ки баъзе расонаҳои хабарии русӣ интиқоли нерӯ ва таҷҳизоти низомии артиши Тоҷикистонро ба вилояти Бадахшон, пешгирӣ аз эътирозҳои эҳтимолии мардуми ин минтақа ба вогузории бахши дигаре аз қаламрави ноҳияи Мурғоб ба Чин барои бозпардохти қарзҳои молиии давлати Тоҷикистон ба ин кишвар унвон кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли 2011 парлумони Тоҷикистон протоколи аломатгузории марз бо Чинро тасдиқ намуд, ки мувофиқи он 1,1 ҳазор километри мураббаъи қаламрави баҳсӣ ба ихтиёри Чин гузаштанд ва ин 0,77%-и аз масоҳати умумии қаламрави Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Маросими ба ихтиёри Чин вогузоштани қаламрави мазкур тирамоҳи соли 2011 баргузор гардид. Ин қитъаи замини ба ихтиёри Чин додашуда 5,5%-и қаламрави нахуст талабкардаи Пекинро ташкил медиҳад.