Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Палатаи ҳисоби Русия Сергей Степашинро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Сергей Степашин бо ҳамтои худ аз Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов нахуст аз ҷараён ва натиҷаҳои аудити пойгоҳи низомии Русия ба сарвари давлати Тоҷикистон гузориш доданд.

Ҳамчунин Сергей Степашин аз шароити барои пойгоҳи низомии Русия муҳайёгардида изҳори хушнудӣ карда, барои он ба Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос кард.

«Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба таҳким ва густариши ҳамгироии мақомоти дахлдори Тоҷикистону Русия дар мубориза бо ҷинояткории фаромиллии иқтисодию коррупсионӣ, пешгирӣ аз маблағгузории терроризму ифротгароӣ ва авзои Афғонистон зоҳир гардид», - зикр мегардад дар иттилои хадамоти матбуот.