Роҳбари департаменти матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ Абдулфайз Атоев изҳороти раиси ҲУСДТ Раҳматилло Зойиров дар бораи аз ҷониби Чин соҳиб шудан ба қаламрави бештари Тоҷикистон нисбат ба масоҳати таъиншудаи Душанбеи расмиро иғвоангезӣ унвон кард.

Дар брифинги имрӯз доиргардида дар ин робита ӯ изҳор намуд, ки ВКХ ҶТ оид ба масъалаи мазкур ба мақомоти дахлдор муроҷиат кардааст ва «ин изҳорот бепоя аст». «Ман намефаҳмам, ки чунин изҳорот ба кадом хотир пахш мешавад, вале касе ин корро мекунад, мақсадҳои тамаъҷӯиро пайгирӣ дорад», - иброз дошт ӯ.

Чанде қабл раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров изҳор кард, ки Чин аз масоҳати таъиншудаи Душанбеи расмӣ бештар қаламрави Тоҷикистонро гирифтааст. Зойиров маҳз дар ин робита сурат гирифтани тамринҳои низомӣ дар Хоруғро аз эҳтимол дур намедонад.

Бино ба иттилои сомонаи радиои эронии «Садои Хуросон» Раҳматилло Зойиров эҳтимоли вогузории бахши дигаре аз қаламрави ноҳияи Мурғоб ба Чин дар баробари қарзҳои молиии ҳукумати Душанберо низ таъкид кардааст.