Имрӯз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва сафири Британияи Кабир дар ҶТ Робин Орд-Смит оид ба таъмини транзити амволи низомӣ ва афсарон аз қаламрави Тоҷикистон бинобар иштироки қушунҳои мусаллаҳи Британияи Кабир дар саъю талошҳои байналмилалӣ ҷиҳати ба эътидоловарӣ ва барқарорсозии Афғонистон Созишномаи байниҳукуматиро ба имзо расониданд.

Пас аз имзои созишнома сафири Британияи Кабир дар ҶТ Робин Орд-Смит ба рӯзноманигорон изҳор намуд, ки дар созишномаи мазкур хурӯҷи на танҳо техникаву муҳимоти низомӣ, балки амволи дафтари корӣ низ тавассути роҳи ҳавоиву заминии қаламрави Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

«Дар робита ба хурӯҷи хизматчиёни ҳарбӣ тариқи қаламрави Тоҷикистон мо тасмим гирифтем, ки онҳо бо роҳи ҳавоӣ бароварда мешаванд, зеро роҳи замини хароҷоти зиёдеро тақозо дошта, аммо дар сурати садамаву дигар ҳолатҳои ғайримунтазира мо ба фуруд омадан дар майдонҳои ҳавоии Тоҷикистон ҳуқуқ дорем», - иброз дошт ӯ.

Ба қавли дипломат тайи 10 соли ахир дар Афғонистон техникаи низомиву таҷҳизоти кории зиёди Британия ҷамъ шуда, ҷараёни хурӯҷи онро то баровардани нерӯҳои низомӣ мебояд ба итмом расонид.

Дар мавриди ба ихтиёри кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ супурдани қисмате аз таҷҳизот Робин Орд-Смит гуфт, барои ин созишномаи ҷудогона ба имзо мерасад.

«Соли гузашта бо Тоҷикистон оид ба масъалаи кӯмак дар бахши мудофиа гуфтушунид карда, ин ҳамкориро идома медиҳем ва масоиле, ки дар ин гуфтушунидҳо матраҳ мегарданд, ба пешниҳоди таҷҳизот ба сохторҳои низомии Тоҷикистон, баргузор намудани машғулиятҳо, бозомӯзии афсарони артиши кишвар дар сохторҳои Британия рабт доранд. Ҳамчунин ба Тоҷикистон таҷҳизоте супурда хоҳад шуд, ки оташкушоӣ аз он ғайриимкон хоҳад буд», - афзуд сафир.