Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вакили парлумон, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ изҳор намуд, ки имрӯз ба роҳбарияти МНМО ҶТ муроҷиат карда, даъвати вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов ба яке аз ҷаласаҳои парлумонро дархост карданист.

М.Кабирӣ зикр кард, ки ӯ ҳамчун вакил ва шаҳрванди кишвар огаҳ шуданист, ки «мақомоти интизомӣ баҳри дарёфти афроди бедаракшуда, ки шуморашон ахиран дар ҳоли афзоиш аст ва бартараф сохтани муносибати берун аз одоб ва бесалоҳиятонаи кормандони милиса нисбати шаҳрвандон, лату кӯби шахсони маъруф аз ҷониби ҷинояткорони номаълум чӣ гуна тадбирҳо меандешанд».

Дар робита ба ҷараёни тафтиши парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели мавриди лату кӯб қарор гирифтоани муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳайит, Муҳиддин Кабирӣ зикр кард, ки оид ба ин масъала имрӯз дар қароргоҳи ҳизб дар пойтахт конфронси матбуотии махсус доир месозад.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ҳайит мавриди ҳамла ва лату кӯби афроди номаълум қарор гирифт. Айни замон ӯ дар Маркази миллии тиббӣ бистарӣ аст.