Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон кори дасти қувваи сеюм будани ҳамла ба муовини раиси ҳизб Маҳмадалии Ҳайитро аз эҳтимол дур намедонад.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ имрӯз дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор намуд, ки ҷинояти мазкур қаблан тарҳрезӣ шуда, «мо ин амалро комилан маҳкум мекунем ва ин афрод ба хубӣ медонанд, ки агар ҳодисае бо намояндаи собиқ мухолифин рух диҳад, ҳукумати расмӣ ва агар дар робита ба намояндаи ҳукумат ба вуқӯъ бипайвандад, баръакс собиқ мухолифин гунаҳкор дониста мешаванд».

Кабирӣ ҳамчунин аз як фарзияи дигари ҳодиса низ ном бурд, яъне ҳамла ба муовини раиси ҲНИТ метавонад ба паёми ҳамасолаи президент ба палатаҳои парлумон рабт дошта бошад. «Ба ин хотир, ки зимни изҳори паём президент суханҳои мусбат нагуфта, бештар ба масоли амнияту ноамнӣ дар ҷомеаву кишвар таваҷҷӯҳ зоҳир созад», - иброз дошт ӯ.

Ба қавли Кабирӣ, «ҳадафи аз ҳама аслитари ин амал ба иғвоангезиву фитна тела додани ҲНИТ аст, то ки мо вокуниши шадид нишон диҳем».

М.Кабирӣ аз номи Шӯрои сиёсии ҳизб ба мақомоти раҳбарии кишвар муроҷиат карда, дархост намуд, ки ба ин ҳодиса ҷиддӣ назар кунанд. «Бигзор тасаввур намоянд, ки дар онҷо муовини раиси ҲХДТ ҳузур медошт. Аз ин рӯ, мо хоҳони тафтиши ҷидии қазияи мазкур ҳастем», - гуфт вай.

Дар посух ба саволи журналистон ӯ таъкид дошт, ки танҳо мақомоти интизомӣ аз рӯи натоиҷи санҷиши худ даст доштани кадом қувваи сеюм дар ин қазияро гуфта метавонанд. «Мо софдилона эътироф мекунем, ки ВКД дар ин самт хуб фаъолият дорад. Муовини вазир худи ҳамон шом дар ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, кормандони ВКД то имрӯз чандин маротиба ба қароргоҳи мо омаданд ва бо ҳамкорони М.Ҳайит суҳбатҳо доштанд. Эҳсос мешавад, ки онҳо ба қазия ҷиддӣ муносибат доранд ва мо интизорӣ дорем, ки ин ҷиддият то охир риоя хоҳад шуд. Ин масъалаи обрӯву нуфузи мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳам ҳаст, зеро шаҳрвандони Тоҷикистон бояд таҳти амният қарор доштани худро эҳсос намоянд», - зикр кард Кабирӣ.

Раиси ҲНИТ аз ҳодисаи қатли хеши президент ва ташаббуси ВКД дар бораи эълони мукофотпулӣ ба шахсоне, ки дар ин кор мусоидату кӯмак мекунанд, ёдовар шуд. «Охир ин кор ба зудтар ошкор гардидани ҷиноят ёрӣ мерасонад ва шояд ВКД дар қазияи М.Ҳайит ҳам аз чунин ташаббус кор гирад ва ба иловаи маблағи таъинкардаи ВКД, ҲНИТ омода аст, ба шахсоне, ки дар пайдо кардани афроди ба Маҳмадалии Ҳайит дарафтода мусоидату кӯмак мекунанд, 10 ҳазор $ мукофоти пулии иловагӣ диҳад», - афзуд раиси ҲНИТ.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ҳайит мавриди ҳамла ва лату кӯби афроди номаълум қарор гирифт. Айни замон ӯ дар Маркази миллии тиббӣ бистарӣ аст.

Ҳамчунин санаи 7-уми феврали соли 2011 ду фарди номаълум ба Ҳикматулло Сайфуллозода, аз фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳамла карда ва ӯро ҳадафи зарбу лат қарор дода буданд.    Оқои Сайфуллозода дар асари ин ҳамла ҷароҳатҳои сахт бардошта ва ба бемористон мунтақил шудааст. Ин ҳодиса дар назди манзили вай дар маҳаллаи 112, дар бахши ғарбии шаҳри Душанбе, замоне сурат гирифтааст, ки вай ба ҷойи кораш мерафт.