Чанде қабл Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Сюзан Эллиот, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистонро бо ҳамроҳии як ҳайати баландпояи амрикоӣ бо хоҳиши онҳо дар дафтари марказии ҲНИТ ба ҳузур пазируфт.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҲНИТ, дар ин вохурӣ масоили гуногун, аз ҷумла ҳодисаи латукуби Маҳмадалӣ Ҳаит – муовини раиси ҲНИТ, вазъи сиёсии кишвар, интихоботи президентӣ ва оиди озодиҳои динӣ ва сиёсӣ баррасӣ шуд.
Ба иттилои манбаъ, раиси ҳизб вазъи саломатии Маҳмадалӣ Ҳаитро рӯ ба беҳбудӣ хонда, ин ҳодисаро талоши навбатӣ барои кашидани пойи Наҳзат ба фитна ва кӯшиши тарсонидани аъзои он хонда, ҳамчунин изҳор кард: «На танҳо ин ҳодиса, балки фазои умумӣ атрофи ҳизб моро нигарон кардааст».
Сафири Амрико дар навбати худ изҳори ҳамдардӣ намуда, лату куби ҷаноби Ҳаитро таассуфбор хонд ва гуфт, ки бояд ин ҳодиса пурра ва одилона баррасӣ шавад.
Раиси ҲНИТ ба дипломатҳои амрикоӣ мавқеъҳои ҳизбро дар масоили сиёсӣ, динӣ ва муҳоҷират шарҳ дода, аз ҷумла қайд кард, ки «зиёдаравӣ дар маҳдудиятсозиҳои сиёсӣ ва динӣ дар минтақа сабаби гаравидани ҷавонон ба равандҳои экстремистӣ мешаванд ва ин амал ҳатто агар бо номи пешгирии ифротгароӣ ҳам бошад, худ боиси рушди ифротгароӣ хоҳад гашт ва натиҷаи баръакс медиҳад».
Сафири Амрикоро Ҷейн Зиммерман - ҷонишини ёвари котиби давлатии ИМА оид ба демократия, ҳуқуқи инсон ва меҳнат, Линн Трейси – муовини ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, сардори бахши сиёсӣ ва иқтисодӣ дар сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва ходими дигари баландпоя аз сафорат дар ин мулоқот ҳамроҳӣ карданд.
Видоъ бо Иброҳим Раисӣ дар Душанбе
Мотами миллӣ дар Эрон. Иброҳим Раисӣ кӣ буд, чӣ гуфт ва чӣ кард?
Гумонбарони амали террористӣ дар “Крокус” аз қарори тамдиди муҳлати боздошт шикоят набурданд
Нархи карбамид дар Тоҷикистон ду баробар поин рафт
Дар Осиёи Марказӣ нисбат ба соли гузашта захираи об бештар шудааст
Размикори 5-уми тоҷик дар UFC: ӯ кист ва кай қарордод ба имзо мерасонад?
Шикояти 1200 муҳоҷири тоҷик оид ба нақзи ҳуқуқашон дар Русия ба сафорати Тоҷикистон
Дар баъзе кишварҳо дар робита ба ҳалокати президенти Эрон мотам эълон шуд
Чаро дар Тоҷикистон гӯшт ҳамеша қимат аст?
Аз “Лоиқхонӣ” то “Рӯзи шеъри тоҷик”. Дар Душанбе аз Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ ёд карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста