Зимни баррасии масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи телевизион ва  радиошунавонӣ » дар ҷаласаи имрӯзаи МН МО ҶТ, вакили парлумон, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ изҳор кард, ки тӯли 8 соли фаъолият ба сифати вакил шабакаҳои телевизони давлатӣ боре ҳам ба ӯ имкон надодаанд, ки оид ба ин ё он мушкилоти ҷомеа дар барномаҳои онҳо ибрози андеша кунад.

«Ин хандаовар аст, вале шабакаҳои телевизиони давлатӣ ҳатто ҳузури ман дар ҷаласаҳои палатаи поёнии парлумонро намоиш намедиҳанд», - идома дод Кабирӣ.

Ба гуфтаи ӯ, ба дархостҳояш перомуни ин масъала Кумитаи телевизиону радиои назди ҳукумат ҳеҷ гоҳ посухи сахеҳу мушаххасе надодааст.

«Таъсири телевизион ба афкори ҷомеа бебаҳс аст. Дар кишвар 8 ҳизби сиёсӣ амал мекунад ва намояндагони 5-тои онҳо дар ҷаласаҳои парлумон ширкат меварзанд, вале дар гузоришҳо оид ба ин ҷаласаҳо дар кадрҳо моро намоиш намедиҳанд, ки боиси эроди интихобкунандагон шудааст», - таъкид дошт раиси ҲНИТ.

М.Кабирӣ ҳамчунин зикр кард, ки шабакаҳои телевизиони давлатӣ «моликияти на танҳо як доира ё гурӯҳи шахсон, балки тамоми мардум аст».

«Аз рӯи аксари мушкилоти ҷомеа, масоили таъмини амният дар минтақаву сатҳи байнулмилалӣ мо бо ҳукумат мавқеи яксон ё ба ҳам наздик дорем ва аз ин рӯ, аз шабакаҳои телевизионӣ даъват мекунам, ки аз мо наҳаросед!», - таъкид дошт вакил.

Номбурда афзуд, «ба туфайли» чунин сиёсати мақомоти раҳбарии шабакаҳои телевизиони давлатӣ, имрӯз сокинони Тоҷикистон нисбат ба вакилони МНМО ҶТ дар бораи вакилони Думаи давлатии Русия бештар маълумот доранд.