Муовини ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Линн Трейсӣ ва муовини ёвари котиби давлатӣ оид ба демократия, ҳуқуқи инсон ва меҳнат Ҷейн Зиммерман ин ҳафта ба Тоҷикистон ташриф меоваранд. 

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни сафар муовинони ёвари котиби давлатӣ Зиммерман ва Трейсӣ бо намояндагони ҳукумат, ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ вомехӯранд.