Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз тайи чанд ҳафтаи охир аз ҷониби ВАО-и Русия роҳандозӣ шудани маъракаи ҳадафноки иттилоотӣ, ки ба паст задани обрӯву манзалати Тоҷикистон равона шудааст, изҳори нигаронӣ намуд.
Дар изҳороти Вазорат дар ин робита зикр мегардад, ки «тааҷҷубовар аст, ки дар ин маъракаи иттилоотӣ як қатор мансабдорони сохторҳои давлатӣ, арбобони шинохтаи ҷамъиятӣ ва илмии Русия ҷалб гардида, тариқи ВАО-и ин кишвар афкори аз ҳақиқат дур, тӯҳматомез ва таҳқиркунандаро паҳн менамоянд».
«Ҳамин тариқ, муовини сарвазири Русия Дмитрий Рогозин ногаҳон барои аз назар гузаронидани қатораи Душанбе-Москва ба сарҳади Русия ва Қазоқистон пайдо шуда, ҷараёни тафтиши вагонҳо аз тариқи шабакаҳои телевизионии Россия пахш мегардад. 20 апрели 2013 дар барномаи «Вести в субботу»- и шабакаи «Вести 24» Д. Рогозин арз намуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убури сарҳади Русия тариқи нақлиёти роҳи оҳан шиносномаҳои дохилӣ, шаҳодатномаи таваллуд, шиносномаи баҳрнавард ва дигар ҳуҷҷатҳоро ба марзбонони Русия пешкаш менамоянд. Чунин изҳороти мансабдори баландпояи ҳукумати Русия аз ҳақиқат дур мебошад», - омадааст дар изҳорот.
Гуфта мешавад, ба ҳамин монанд, 18 апрели соли равон аз ҷониби роҳбари фраксияи Ҳизби либерал-демократии Русияи Думаи давлатии он кишвар В. Жириновский дар барномаи «Поединок»-и шабакаи телевизионии «Россия» нисбат ба президенти Тоҷикистон ва миллати тоҷик суханҳои таҳқиромез ва носазо садо дод, ки чунин кирдору гуфтаҳои шахсиятҳои шинохташудаи сиёсии Русия ба сатҳи муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии ду кишвар мухолифат мекунад.
«Дар ин бӯҳрони ҳангомасозӣ 23 апрел дар барномаи «Специальный корреспондент»- и шабакаи телевизионии «Россия» намоиши навбатӣ - таҳти унвони «Шайтан поезд», ки ба мавзӯи вазъи қатораҳои Душанбе-Москва бахшида шуда буд, пахш гардид. Баъд аз ин намоиш иштироккунандагони он, ки намояндагони Думаи Давлатии Русия, сиёсатмадорону коршиносони ин кишвар буданд, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатиро мавриди муҳокима қарор доданд. Аз ҷумла, аз ҷониби иштироккунандагони барнома масъалаи ворид намудани реҷаи раводидӣ барои Тоҷикистон, пурзӯр намудани назорат аз болои муҳоҷирони меҳнатӣ ва ғайра пешниҳод гардид», - баён мегардад дар изҳорот.
Дар ВКХ ҶТ ба он таваҷҷуҳ зоҳир месозанд, ки бо вуҷуди он, ки дар Русия зиёда аз 13 млн. муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои гуногун фаъолият доранд, иштироккунандагони ин барнома муғризона бештар таваҷҷӯҳи худро ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик равона карда буданд.
«Бо назардошти гуфтаҳои боло, чунин ба назар мерасад, ки маъракаи густурдаи иттилоотии бар муқобили Тоҷикистон эълоншуда, ҳадафҳои сиёсии дигар дорад», - гуфта мешавад дар изҳорот.
Дар робита ба ин 23 апрели соли 2013 Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Ю. Попов ба Вазорати корҳои хориҷӣ даъват карда шуда, ба ӯ ёддошти эътирозии ҷониби Тоҷикистон супурда шуданд.
Ҳамчунин дар иҷлосияи навбатии ахири Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар робита ба изҳороти манфии чанде аз мансабдорони Русия нисбати Тоҷикистон ба унвони Думаи давлатии Русия муроҷиатнома қабул шуд.
Видоъ бо Иброҳим Раисӣ дар Душанбе
Мотами миллӣ дар Эрон. Иброҳим Раисӣ кӣ буд, чӣ гуфт ва чӣ кард?
Гумонбарони амали террористӣ дар “Крокус” аз қарори тамдиди муҳлати боздошт шикоят набурданд
Нархи карбамид дар Тоҷикистон ду баробар поин рафт
Дар Осиёи Марказӣ нисбат ба соли гузашта захираи об бештар шудааст
Размикори 5-уми тоҷик дар UFC: ӯ кист ва кай қарордод ба имзо мерасонад?
Шикояти 1200 муҳоҷири тоҷик оид ба нақзи ҳуқуқашон дар Русия ба сафорати Тоҷикистон
Дар баъзе кишварҳо дар робита ба ҳалокати президенти Эрон мотам эълон шуд
Чаро дар Тоҷикистон гӯшт ҳамеша қимат аст?
Аз “Лоиқхонӣ” то “Рӯзи шеъри тоҷик”. Дар Душанбе аз Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ ёд карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста