Вазири рушди байналмиллалии Финландия хонум Ҳейда  Ҳаутала  дар  ҷараёни  сафари аввали худ ба Тоҷикистон бо намояндагони расмии ҳукумати Тоҷикистон вохӯрда, ҳамчунин дар кори конфронси «Баробарӣ дар назди қонун: дастёбӣ ба адолати ҳуқуқӣ дар Осиёи Миёна, таъмини ҳуқуқи занон: қонунсозӣ ва иҷро» ширкат варзид.

Тавре аз Дафтари Баррномаи рушди СММ (БРСММ) дар ҶТ хабар доданд, зимни ин сафар хонуми Вазир  ба дафтари Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон ташриф овард, ки он ҷо бо Ҳамохангсози  доимии СММ  ва  Намояндаи доимии БРСМММ  дар Тоҷикистон ҷаноби Александр Зуев, Мудири кишварии  БРСММ  дар Тоҷикистон чаноби Норимаса Шимомура мулоқот намуд.

Дар толори ҷаласоти Барномаи Рушди  СММ як силсила иттилооти деворӣ, ки аз фаъолияту иҷрои барномаҳои асосӣ маълумот медоданд ба маърази намоиш гузошта шуданд. Ҳамзамон коршиносони Барномаи Рушди  СММ дар мавриди аҳдофи мавҷуда, муваффақиятҳову натоиҷи барномаву лоиҳаҳо, ки ба рушди кишвар ва беҳбудии зиндагии мардуми Тоҷикистон равона шудаанд, ба  Вазири Рушди Байналмиллалии Финланлия хонум Ҳейда  Ҳаутала  иттилоъ доданд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба лоиҳаи: «Европаи васеъ: мусоидат ба тиҷорат барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Кафкази Шимолӣ ва ғарби Кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ» зоҳир шуд, ки аз  ҷониби Финландия сармоягузорӣ мешавад.  Вазири Рушди Байналмиллалии Финланлия хонум Ҳейда  Ҳаутала  дар баҳсу музокирот, ки ба масоили ҳамкориҳои судбахши оянда ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар бахши тиҷорат ва рушди сохибкории хурду миёна дар ҷумхурии Точикистон, рабт доштанд, фаъолона ширкат намуд. 

Ҳейда  Ҳаутала, депутати Парламенти Европа аз ҳизби Сабзҳои Финландия аст.  Дар Парламенти Европа зеркумитаи  ҳуқуқи башарро  сарварӣ мекунад, яъне масъули сиёсати берунаи Парламенти Европа дар ин масоил аст. У ба имкони беҳ намудани  ҳуқуқи инсон, шафоияти фаъолияти сиёсӣ, иртифои масъулияти экологӣ ва адолати сартосарӣ итминон дорад.