Сафири Тоҷикистон дар Покистон Шералӣ Ҷононов бо вазири федералии нафту захираҳои табиии Покистон Суҳайл Ваҷаҳат Сиддиқӣ гуфтушунид анҷом дод.

Тавре аз намояндагии дипломатии Душанбе дар Исломобод хабар доданд, зимни мулоқот дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гидроэнергетика, амалисозии имконоти мавҷуда дар соҳаи азхудкунии захираҳои табиӣ ва ҳамчунин ҳамкориҳо дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо итминони тарафайн дар таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳои пурсамар миёни Тоҷикистону Покистонро таъкид намудаанд.