Дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Пекин бо раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумӣ Чжан Дэҷян мулоқот намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба таҳкими минбаъдаи заминаи сиёсӣ ва қарордодию ҳуқуқии муносиботи Тоҷикистону Чин ва густариши робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.

Зимни мулоқоти сарвари давлати Тоҷикистон бо узви Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ, муовини якуми сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Гаоли масоили вобаста ба татбиқи амалии санадҳои қарордодию ҳуқуқии имзошуда ва тавофуқоти зиёди дигар, ки миёни Тоҷикистону Чин ҳосил гардидааст, баррасӣ шуд.

Бегоҳии рӯз президенти Тоҷикистон бо раиси Корпоратсияи миллии нафту гази Чин (CNPC) Чжоу Ҷинпин мулоқоти басо судбахш анҷом дод. Зимни суҳбати самимӣ масоили ба роҳ мондан ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, ин ширкати дорои нуфузи ҷаҳонии Чин тасмим дорад дар корҳои ҷустуҷӯӣ ва истихроҷу коркарди нафту газ дар қисмати ҷанубу ғарби Тоҷикистон иштироки фаъол дошта бошад. Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда фаъолияти ин ширкат дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати канадагии Тетис петролиум ва ширкати фаронсавии Тотал ташкил хоҳад шуд. Дар оянда ин ширкат тасмим дорад, ки содироти нафту газро аз конҳои ояндадори ин минтақа ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба роҳ монад.

Пас аз анҷоми мулоқот дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва Корпоратсияи миллии нафту гази Чин (CNPC) Созишномаи чаҳорчӯбавӣ оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ ба имзо расид.

Дар шаҳри Пекин сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин ноиби президенти Бонки осиёии рушд Шиаоу Жаоро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот доир ба ҳамкории кунунӣ ва дурнамои умедбахши ҳамкории Тоҷикистон бо ин бонки соҳибнуфуз гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Аз татбиқи босамари лоиҳаҳои навсозии роҳҳои мошингарди Душанбе Турсунзода ва Айнӣ Панҷакент, ки бо сармоягузории грантии Бонки осиёии рушд сурат мегирад ва лоиҳаҳои дигари оянда чун навсозии роҳи мошингарди Кӯлоб-Ховалинг, лоиҳаи истеҳсоли нерӯи барқ аз гармии офтоб бо ҷалби 20 миллион доллари амрикоӣ грант изҳори қаноат карда шуд.

Шиаоу Жао изҳор дошт, ки Бонки осиёии рушд омода аст, ба омодасозии лоиҳа, имконсанҷии иқтисодию техникӣ ва сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон мусоидати фаъол намояд.

Шоми дирӯз президенти Тоҷикистон ва шахсони расмии ҳамроҳи ӯ аз Пекин ба Душанбе баргаштанд.