Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, тамоми созмонҳои ғайриҳукуматии ҳомии ҳуқуқ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ муроҷиат намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки муттаҳид шуда, ба адвокатҳои Зайд Саидов кумак расонанд.

«Дар қазияи маълуми Зайд Саидов ва қонуншиканиҳо дар мавриди барҳам додани ташкилоташ бидуни ҳузуру розигии ӯ, боздошт дар фурудгоҳ, аз дахолатнопазирии вакилӣ маҳрум кардан боз ҳам дар ғайби ӯ, муттаҳам намудан ба содир намудани як қатор ҷиноёти ногаҳон дар фазои адлияи ҷумҳурӣ пайдошуда бидуни шубҳа баръало ҷанбаи сиёсӣ ва иродаи сиёсии ҳокимият ҳувайдост», - омадааст дар изҳорот.

Дар изҳорот Зойиров зикр мекунад, ки ба Зайд Саидов се адвокат хизматгузорӣ мекунанд, вале имкони онҳо маҳдуд шуда, адвокатҳо дар танҳоӣ ба фишори мақомоти давлатӣ тоб намеоранд, ки ин дар аз дахолатнопазирии вакилӣ маҳрум кардани Саидов аз ҷониби Маҷлиси вакилони пойтахт бидуни иштироки ӯ аён гардид ва бо ин амал вакилони Маҷлиси пойтахт ба нақзи ҳуқуқи инсон ва қонун шарик шуданд.

Дар ин робита раиси ҲСДТ аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, тамоми созмонҳои ғайриҳукуматии ҳомии ҳуқуқ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват мекунад, ки қарз ва уҳдадории шаҳрвандии худро дар назди ҷомеа содиқона адо намоянд, «вагарна мо ба номи Ваколатдори ҳуқуқи инсон, номи ифтихории «ҳомии ҳуқуқ ва созмони ҳомии ҳуқуқ» лоиқ нестем».

«Дифоъ аз ҳуқуқҳои аслӣ тибқи Конститутсия, аз ҷумла озодии муттаҳидшавӣ ва таъсиси ҳизби сиёсӣ, ҳимоят аз ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути чунин муттахидшавӣ айни замон вазифаи асосии ҳомиёни ҳуқуқ дар парвандаи мушаххаси Зайд Саидов аст, зеро бидуни он ҳаракати дифоъ аз ҳуқуқу худи ҷомеаи шаҳрвандии қодир ба назорати ҳокимияти давлатӣ вуҷуд нахоҳад дошт», - чунин мешуморад ӯ.

Ба қавли Зойиров, маҳз дар соли интихоботи президентӣ ҳукумат бо ҳар роҳу воситае ҳама гуна ташаббуси шаҳрвандиро, ки ба осоишу нафъи он нест, саркӯб карданист ва мухолифи Конститутсияи ҶТ ва манфиатҳои ҷомеаву инсон амал мекунад, ки мутобиқи моддаи 5-и Конститутсия, он арзиши олӣ дар ҷомеаву давлат муқаррар шудааст.

Ба андешаи раиси ҲСДТ, имрӯз ҳимояти воқеӣ ва ҳамаҷонибаи Зайд Саидов – ҳимоят аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон, демократия ва адолати судӣ дар кишвар аст. «Ба ҳукмронии мутлақ, қонушиканӣ, бенизомӣ, нақзи ҳуқуқ ва эътибори шахсият роҳ намедиҳем. Аз ҳамаи Шумо дархост мекунам, ки ба он мусоидат намоед!», - даъват мекунад дар изҳорот раиси ҲСДТ.