Чанде қабл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ сафири Корея дар ҶТ Ҷон Дэ-ванро бинобар сабаби анҷоми ваколатҳояш ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз ВКХ ҶТ хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз вазъи кунунии рушди ҳамкориҳо миёни кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, Ҳ.Зарифӣ таваҷҷуҳи Тоҷикистонро ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла бо Агентии ҳамкории байнулмилалии Корея (KOICA) изҳор намуд.

Дар фарҷоми мулоқот вазири корҳои хориҷии ҶТ ба Ҷон Дэ-ван барои саҳмаш дар рушди муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳо миннатдорӣ изҳор кард.

Ҳамчунин изҳори боварӣ карда шуд, ки сафири кишвари дӯст зимни иҷрои уҳдадориҳои нави худ низ ба мусоидат баҳри тавсеъа ва таҳкими ҳамкориҳои судманди дуҷониба идома хоҳад дод.