Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад ба истиқболи Рӯзи ҷавонон бо зиёда аз 2200 нафар ҷавонони пешсафу ташаббускори ҷумҳурӣ мулоқот намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат зимни суханронӣ дар мулоқот Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки дар ду соли охир варзишгарони тоҷик дар 152 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда, 730 медал, аз ҷумла 210 тилло, 208 нуқра ва 312 биринҷӣ ба даст овардаанд.
Ба гуфтаи перзидент, дар ҳамин давра варзишгарони Тоҷикистон 19 маротиба унвони чемпиони ҷаҳон, 70 маротиба унвони қаҳрамонони мусобиқаҳои Осиёро ба даст оварда, дар 64 мусобиқаи ҷаҳонӣ ва 156 қувваозмоии Осиё соҳиби ҷоиза гардидаанд.
Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуд, ки варзишгарони Тоҷикистон дар 70 соли даврони шӯравӣ аз мусобиқаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, Аврупо ва ҷаҳон ҳамагӣ 113 медал ба даст оварда, танҳо 10 нафар варзишгарони тоҷикистонӣ ба унвони чемпиони ҷаҳон сазовор шуда буданд.
Сарвари давлат таъкид дошт, ки теъдоди федератсияҳои варзишии кишвар имрӯз ба зиёда аз 50 адад расида, шумораи ҷавононе, ки бо намудҳои гуногуни варзиш машғуланд, то 15 фоиз афзудааст.
Президенти мамлакат ҳамчунин гуфт, тайи ду соли ахир дар ҷумҳурӣ қариб 2ҳазору 400 толору майдончаҳои варзишӣ ба маблағи умумии беш аз 242 млн. сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, ки дар ҳар кадоми онҳо аз 500 то 2000 нафар иштирокчиёну мухлисон имкони иштирок намудан доранд.



Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста