Ин замон дар маҷмааи давлатии Кохи Борбад бахшида ба Рӯзи ҷавонон вохӯрии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони ҷумҳурӣ ҷараён дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷараёни вохӯрӣ муколамаи ошкори президент бо ҷавонон оид ба масоили ҳаёти ҷамъиятӣ ва роҳу воситаҳои ҳалли мушкилоти ҷавонон дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, ба ҳамаи иштирокчиёни вохӯрӣ аз номи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим хоҳанд шуд.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз аввали моҳи май дар робита ба ин вохӯрӣ шаҳрвандони Тоҷикистон имкон доштанд, ки саволҳои худро ба президент ба унвонии сомонаи расмии сарвари давлат ва сомонаи Шабакаи аввали телевизион ирсол намоянд.