Зимни мулоқот бо ҷавонони кишвар президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар танҳо бо роҳхати давлатӣ зиёда аз 7000 нафар ҷавонон ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар фиристода шудаанд, ки қариб 2800 нафари онҳо мактаби олиро хатм намуда, беш аз 3900 нафарашон таҳсилро идома дода истодаанд.

Ба гуфтаи сарвари давлат, илова бар ин, тибқи роҳхати вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳои мамлакат дар зарфи 5 соли охир 4000 нафар ҷавонон барои таҳсил ва азнавтайёркунӣ ба давлатҳои хориҷӣ фиристода шудаанд.

«Ҳамчунин зиёда аз 300 нафар  ҷавонони кишвар тибқи Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон - «Дурахшандагон» барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода шудаанд. Ҳоло 86 нафари онҳо баъди анҷоми таҳсил дар соҳаҳои гуногуни кишвар муваффақона фаъолият доранд», - иброз дошт президент.

Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки лекин бояд гуфт, ки дар соли таҳсили 2012 - 2013 ба 65 ҷойи муқарраршуда барои барандагони стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон довталабон ҳамагӣ ба се ихтисос - ҳуқуқшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва тиб ҳуҷҷат супоридаанд.

«Чунин муносибати масъулон ва ҷавонон нисбат ба интихоби тахассус  мувофиқи мақсад нест, зеро тавре ки дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, кишварамон имрӯз ба муҳандисону бинокорон, энергетику технологҳо, геологу мутахассисони коркарди маъдан ва барномасозону табибони сатҳи байналмилалӣ ниёзи бештар дорад» - таъкид дошт ӯ. 

Сарвари давлат Вазорати маорифро муваззаф кард, ки бояд дар самти танзими масъалаи фиристодани ҷавонони боистеъдод ба хориҷи кишвар дар доираи стипендияи Президенти Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида, якҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо интихоби довталабонро тибқи нақшаи дурнамои эҳтиёҷоти мақомоти давлатӣ ба кадрҳо  ба роҳ монад.

Ҳамчунин президент бо қаноатмандӣ изҳор кард, ки имрӯзҳо доир ба ғолибияти толибилмони кишварамон дар мусобиқа ва олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз воситаҳои ахбори омма зуд-зуд хабарҳои хуш мешунавем, ки ин албатта самараи неки саъю талоши наврасону ҷавонон, заҳмати шабонарӯзии устодону омӯзгорони мӯҳтарами мо ва масъулони соҳаи маориф мебошад.

«Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо атрофи мафҳумҳои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ озодона ибрози андеша менамоянд, ки ин далели ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли созандаи кишварамон арзёбӣ мегардад», - зикр кард президенти ҷумҳурӣ.

Тавре зикр гардид, барои дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон тӯли солҳои истиқлолият як қатор имтиёзҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ ва номӣ, квотаи президентӣ, Стипендияи байналмилалии президентӣ -“Дурахшандагон”,  грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, дастгириҳои давлатӣ оид ба ҷудо кардани манзил ва қитъаи замин муқаррар шуда, ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда чун зуҳуроти ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат мунтазам идома дорад.

Ҳамчунин ӯ зикр кард, ки имрӯз дар мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар зиёда аз як миллиону 700 ҳазор нафар хонандагон бо таҳсил фаро гирифта шуда, айни  замон  дар  84 мактаб – интернати  мамлакат  бештар  аз      11 ҳазор нафар кӯдакону наврасони ятиму бепарастор ва дар литсейҳои президентӣ барои хонандагони лаёқатманду соҳибистеъдод зиёда аз 4000 нафар толибилмони наврас таҳсил намуда истодаанд.

Тибқи маълумоти мавҷуда, дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла як донишгоҳ ва 12 донишкада фаъолият дошт, ки дар онҳо ҳамагӣ аз рӯи 82 ихтисос мутахассис тайёр карда мешуд.

«Ҳоло дар мамлакат 36 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи 300 ихтисос мутахассис омода месозад. Шумораи умумии донишҷӯёни мактабҳои олӣ зиёда аз 156 ҳазор нафар буда, ҳар сол муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро беш аз 30 ҳазор нафар хатм мекунанд. Ҳукумати мамлакат саҳм ва нақши ҷавононро дар рушди бахшҳои гуногуни ҳаёти кишвар ҳамеша қадрдонӣ менамояд. Ҳамин аст, ки дар давоми солҳои  1993 – 2012 қариб 1000 нафар ҷавонон барои фаъолияти самаранок ва меҳнати софдилонаашон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд», - афзуд сарвари давлат.

Дар маҷлиси ботантана ба муносибати Рӯзи ҷавонон 22 ҳазор нафар ҷавонони мамлакат ширкат варзида, ба ҳар кадоме аз иштирокчиёни маҷлис президент Ipad ва китоби худ «Маорифпарвар»-ро тақдим намуд.