Чанде қабл муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюкро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти вохӯрӣ сафири Украина оид ба Конфронси якуми байналмилалии «АВС: Украина ва ҳамшарикон», ки моҳи июни соли ҷорӣ дар Украина баргузор мегардад, иттилоъ дода, даъватномаҳоро ба номи шахсони расмии кишвар ҷиҳати иштирок дар он супорид.
Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, масалаҳои вобаста ба сафари дар пешистодаи Раиси САҲА, Вазири корҳои хориҷии Украина Л. Кожараро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.