Дар шаҳраки Гарлики Туркманистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се мулоқоти судманд анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуда, дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд. Ҳарду ҷониб таъкид бар он доштанд, ки минбаъд низ ҳамгироии судбахши худро ба нафъи мардумони ду кишвар ва кулли минтақа густариш мебахшанд.

Дар мулоқот бо президенти Афғонистон Ҳомид Карзай доир ба масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Афғонистон гуфтугӯй сурат гирифт. Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои ҳалли масоили вобаста ба сохтмони роҳи оҳани  Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, татбиқи дигар лоиҳаҳои минтақавӣ, аз қабили хатти барқии CASA-1000 ва густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ зоҳир гардид.

Табодули андеша, ҳамчунин доир ба таҳкими ҳамгироии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ду кишвар, аз ҷумла барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади миёни ду кишвар ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддиру аслиҳаи оташфишон доир гардид.

Дар шаҳраки Гарлик, ҳамчунин мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории минтақавию ҷаҳонии се кишвари дӯсту ҳамсоя, аз ҷумла дар ҷараёни сохтмон ва ба баҳрабардорӣ расондани роҳи оҳани  Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон баррасӣ шуд.