Дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ (27-уми июн) дар сомонаи мақомоти шаҳрдории пойтахт як маводи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев интишор гардид, ки дар он андешаҳои ӯ перомуни таҳдидҳо ба тамомият ва ваҳдати миллӣ баён шудаанд.

Ба андешаи раиси пойтахт, айни замон раванди ваҳдат дар як давлат ё ҷомеа на танҳо ба омилҳои дохилӣ вобаста буда, омилҳои берунӣ, аз ҷумла муносибатҳои байни давлатҳо, таҳдидҳои замони ҷаҳоншавӣ низ барои ҳалли масъалаи таҳкими ваҳдат ва субот дар минтақа ва ҷаҳон андешидани тадбирҳои якҷоя ва зарурро ба миён мегузоранд.

«Имрӯз баъзе неруҳои ҷаҳонӣ барои ҷорӣ кардани низоми ба худашон маъқул аз зӯроварӣ ва қувваҳои низомӣ низ истифода мекунанд, вале ҷомеаи хушбахтонаи инсониро чунон ки донишмандони бузурги Ғарбу Шарқ қайд карданд, на ба воситаи зӯроварӣ ва фишорҳо, балки аз роҳи дониш ва такя ба ақлу хирад ва эҳтироми ҳуқуқи табиии дигарон барпо кардан имконпазир аст», - менавсиад Убайдуллоев.

 Ӯ ба омилҳои глобалии ба давлат ва ваҳдати миллӣ хатаровари имрӯза ишора намуда, зикр кардааст, ки он, пеш аз ҳама, хатарҳои экологӣ, терроризми байналхалқӣ, ҷинояткории трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, бештар шудани тамоили тундгароёнаи динӣ, афзудани бекорӣ ва ғайра мебошанд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд ва кишвари мо низ ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин хатарҳо ба пуррагӣ эмин намебошад.

Дар идомаи мақола гуфта мешавад, дар шароити ҳозира ба ваҳдати миллии мо омилҳои идеологӣ–мафкуравӣ низ таҳдид мекунанд ва хатар эҷод менамоянд. «Тавре дар Паёми хеш 26 апрели соли 2013 Президенти кишвар таъкид намудааст:– «қатъиян таъкид месозам, ки роҳи пешгирифтаи мо - бунёди давлати дунявӣ, ҳуқуҳбунёд ва демократӣ аст. Ин меъёр дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум гардидааст ва тағйирнопазир мебошад. Ба ибораи дигар, мо дар радифи арзишҳои милливу диниамон ба арзишҳои дунявии умумибашарӣ арҷ мегузорем ва равандҳои демократиро фаъолона ва пайгирона дастгирӣ менамоем. Озодии сухан, озодии виҷдон ва гуногунандешӣ, ки рукнҳои асосии давлати демократӣ мебошанд, бояд дар доираи қонун сурат гиранд ва ба ҳеҷ ваҷҳ суботи ҷомеаро халалдор насозанд», - омадааст дарпр мақолаи раиси пойтахт.

Ҳамчунин баён мегардад, ки дар давраи мураккаби ҷаҳонишавӣ баъзе қувваҳо ба ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии ҷомеаамон манфиатдор нестанд. «Қувваҳое, ки тундгароии динӣ ва терроризмро паҳн карда, мақсадҳои сиёсии худро мехоҳанд амалӣ намоянд, аз ашхоси ноогоҳ ва худшиносии миллию ҳисси ватанпарастиашон заиф истифода намуда, ба ин васила ба вазъи муътадили ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки бо истифода аз потенсиали  ҳамаи рукнҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ниҳодҳои дигари ҷамъиятӣ баҳри таҳким ва муттасилии ваҳдати миллӣ якҷоя фаъолият намуда, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҳар як шаҳрвандро вазифаи муҳимтарини худ шуморем», - зикр мегардад дар мавод.

Матни комили мақоларо аз ин суроға метавонед дастрас кунед.