Дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз аввал бо рафти сохтмон ва таҷҳизи нахустин кӯдакистони президентӣ, ки дорои навовариҳои зиёди замони муосир хоҳад буд, шинос шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сохтмони ин кӯдакистон дар шаҳри Хуҷанд охирҳои моҳи феврали соли 2013 оғоз ёфта, то 1 июн аз 16 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетии барои ин кор пешбинишуда 5,7 миллион сомонӣ ба корҳои сохтмону васлкунӣ харҷ шудааст.
Ин кӯдакистон, тибқи лоиҳа бо 5 бинои дуошёна барои 640 кӯдаки болаёқату соҳибистеъдод пешбинӣ шуда буд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки биноҳо боистифода аз масолеҳи сабуки сохтмонӣ сеошёна карда шуда, шумораи кӯдакон ба 1000 нафар расонда шавад. Дастур дода шуд, ки сохтмони кӯдакистон то 1 уми ноябри соли 2013 ба поён расонда шавад.
Сипас дар минтақаи озоди иқтисодии Суғди шаҳри Хуҷанд президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози кори корхонаи истеҳсоли профилҳои алюминии ширкати Офарин Алюминиум иштирок намуд. Офарин Алюминиум ширкати муштараки тоҷикию туркӣ буда, дар доираи татбиқи Барномаи давлатии коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз алюминии аввалия барои солҳои 2007-2015 таъсис ёфтааст.
Дар марҳилаи аввал ин корхона ҳамасола 3000 тонна алюминийи аввалияро коркард карда, аз он профилҳои алюминӣ истеҳсол менамояд. Пас аз ба кор даромадани навбати дуюмаш иқтидори он ба коркарди 6 ҳазор тонна алюминийи аввалия баробар хоҳад шуд. Ҳоло дар ин корхона 70 кас бо корӣ доимӣ таъмин мебошанд ва ояндаи наздик бо ифтитоҳи коргоҳи дуюм шумораи ҷойҳои корӣ ба 150 кас мерасад.
Сарвари давлат маслиҳат дод, ки дар ҳамин ҷо, ҳамчунин истеҳсоли дару тирезаҳои тайёр ба роҳ монда шавад. Роҳбарияти корхона пешниҳоди Сарвари давлатро хуб пазируфта, уҳдадор шуданд, ки шумораи ҷойҳои кориро ба 300 мерасонанд.
Баъд аз ин бо иштироки сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд як қасри боҳашамати варзишӣ ифтитоҳ ёфт, ки сохтмони он бо ҳидояти президенти кишвар моҳи апрели соли 2012 шуруъ шуда буд.
Масоҳати умумии Қасри варзиш 8300 м/кв буда, толори асосии он дорои 3000 ҷойи нишаст барои тамошобинон мебошад. Толорҳои варзишиии ин қаср ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй буда, дорои имконияти ба роҳ мондани мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ аз рӯи намудҳои вазнбардорӣ, бокс, волейбол, баскетбол, акробатика, гимнастикаи варзишӣ ва бадеӣ, гӯштини тарзи озод, дзюдо, камарбандӣ, гӯштингирӣ, гандбол, футзал, бадминтон, шашка, шоҳмот, каратэ, якҳарбаи шарқӣ, теннис, тенниси рӯи миз ва амсоли инҳо мебошад.
Дар яке аз толорҳои қасри варзиш Эмомалӣ Раҳмон ба 130 нафар кӯдакону наврасоне, ки аз падару модар ятим мондаанд, кӯмаки моддӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид. Ҳамин тариқ то имрӯз дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар маҷмӯъ ба 787 нафар ятимони бе падару модар кӯмаки моддии Президенти кишвар расонда шуд.




“Моро дуруст фаҳмед”, “Бахилӣ накунед” ё “Вазирони қатор аз паси президент”. Нуктаҳои муҳим ва берун аз матни паёми имсола
Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста