Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бидуни алтернатива раиси ҳизб, доктори улуми иқтисодӣ, роҳбари Пажуҳишгоҳи иқтисоди Академияи улуми Тоҷикистон Олимҷон Бобоевро ба сифати номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» худи Олимҷон Бобоев хабар дод, дар маъракаи интихоботи президентӣ Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бо дигар аҳзоби сиёсӣ ба эътилоф ворид шуданӣ нест. «Айни замон дар сафҳои ҳизби мо ҳудуди 20 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муттаҳид шудаанд», - зикр кард раиси ҲИИТ.

Ёдрас мекунем, ки Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон соли 1995 таъсис ёфта, айни замон ду нафар аъзои он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ мебошанд.

Ҳамин тариқ, то имрӯз 5 нафар – аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ раиси ҳизб Олимҷон Бобоев, аз Ҳизби сотсиалистӣ раиси он Абдуҳалим Ғаффоров, аз Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, аз Ҳизби демократ раиси он Саидҷаъфар Исмонов ва аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон дар ҳайати ҲНИТ ва ҲСДТ Ойниҳол Бобоназарова номзад ба мансаби президентӣ дар интихоботи қарибулвуқӯъ пешбарӣ шуданд.