Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар робита ба натиҷаҳои интихоботи парлумонии аз ҷониби КМИР садодода, ки тибқи он 1,5%-и интихобкунандагон ба ҷонибдории рӯйхати ҳизбии ҲНИТ раъй додаанд, изхор дошт, ки ин рақам асоси воқеӣ надорад.

Ӯ ба журналистон изҳор намуд, ки ояндаи наздик Шӯрои сиёсии ҳизб ҷаласа доир намуда, дар он назари ҳамаи намояндагон дар минтақаҳо шунида мешаванд ва танҳо баъди он ба натиҷаҳои интихобот баҳои ниҳоӣ дода хоҳад шуд.

Ба саволи журналистон оид ба робита доштани натиҷаҳои интихобот ба маҳсули барномаи «зиддинаҳзатӣ» раиси ҲНИТ посух дод: «Албатта, кӯшиш карданд, ки ба ҳадаф расидани ин барномаҳоро нишон диҳанд, вале ман чунин фикр намекунам. Аз ин интихоботи тақаллубӣ мардум бохт кард ва ин қабл аз ҳама, ба нафъи ҳукумат нахоҳад буд. Ман хоҳони он нестам, ки ҳукумати Тоҷикистон мавриди интиқод қарор дошта бошад».

Кабирӣ таъкид дошт, ки «ҲНИТ дар доираи қонун амал мекард ва минбаъд низ чунин мекунад». «Мавҷуд будан ё набудани ҲНИТ-ро қонун ва мардум ҳал мекунанд», - зикр кард раиси ҲНИТ.

«Мо огаҳ будем, ки фишор вуҷуд дорад ва барои мо осон нахоҳад буд, лекин дар бораи чунин натиҷаҳо фикр надоштем, - қайд кард Кабирӣ. – ҲНИТ ҳеҷ гоҳ дар ҳоли эҳсосот тасмим нагирифтааст. Мо ҳамаашро баррасиву таҳлил мекунем ва сипас қарори умумиеро қабул хоҳем кард, ки ба нафъи ҳизбу мардум бошад».

Ёдрас мекунем, ки санаи 1-уми март дар Тоҷикистон   маъракаи интихоботи парлумонӣ  баргузор шуд. Субҳи имрӯз КМИР Тоҷикистон натиҷаҳои пешакии интихобот ба парлумон тибқи рӯйхатҳои ҳизбиро эълон кард. Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби коммунисти Тоҷикистон тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба палатаи поёнии парлумон роҳ наёфтанд.

Дар ҳамин ҳол, тавре «Азия-Плюс» аз КМИР огаҳӣ ёфт, ҳеҷ кадоме аз намояндагони ҲНИТ аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ низ ба парлумон роҳ наёфтаанд. Аз 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ 22 намояндаи ҲНИТ номзад ба вакилӣ пешбарӣ шуда буданд.

Эълони натиҷаҳои интихоботи парлумон дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ пагоҳ, 3 март дар назар аст.