Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР/)-и Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода дар доираи омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ДНДҲИ/САҲА) таҳти роҳбарии Пол Эберхард мулоқот кард.
Тавре маркази матбуоти КМИР ҶТ иттилоъ медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои тайёрӣ ба маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода табодули назар карданд.
Бахтиёр Худоёрзода дар ҷараёни суҳбат аз рафти омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олӣ ёдовар шуда, қайд кардааст, ки Комиссия дар асоси талаботи қонунгузории интихоботии кишвар барои субъектони иштирокчии раванди интихобот тамоми шароити баробарро ҷиҳати рақобати солими сиёсӣ муҳайё намуд.
Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки имрӯзҳо дар тамоми ҷумҳурӣ маъракаи тарғиботӣ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилӣ дар шакли вохӯрӣ бо интихобкунандагон ва баромадҳо аз тариқи телевизион, радио ва матбуоти даврӣ муташаккилона идома дошта, иштирокчиёни он ба интихобкунандагон барномаҳои пешазинтихоботии худро муаррифӣ карда истодаанд.
Роҳбари ҳайати нозирони байнулмилалӣ аз ДНДҲИ/САҲА Пол Эберхард фаъолияти анҷомдодаи КМИР-ро дар самти корбарӣ бо занон, ҷавонон ва шахсони дорои мъюбият бо хушнудӣ пазируфта, онро дар раванди омодагӣ ба интихобот мусбат арзёбӣ кардааст.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳор доштанд, ки фаъолияти нозирони байнулмилалӣ дар баргузории интихоботи шаффоф ва ошкоро мусоидат мекунад.
То имрӯз барои иштирок дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон (1-уми март) ба сифати нозирони байнулмилалӣ беш аз 200 нафар намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ДНДҲИ/САҲА, кормандони намояндагиҳои дипломатии ИМА, Русия, Чин, Бритониёи Кабир, Эрон, Олмон ва Ҷопон дар Тоҷикистон худро дар КМИР ҶТ ба қайд (аккредитатсия) гузоштаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Мадина” чӣ гуна занони бешавҳарро ба ҷои кор таъмин мекунад?
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста