Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар нусхаи эътимодномаро ба Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон супорид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбарро бо таъйин шуданаш ба вазифаи пурмасъул табрик гуфта, ба ӯ дар ҷодаи рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар асоси принсипҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек муваффақият таманно кард.
“Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла, таҳкими ҳамкориҳои наздисарҳадиро баррасӣ намуда, нақшаҳоро барои ояндаи наздик муайян карданд”, - омадааст дар хабари ВКХ.
Гуфта мешавад, зимни мулоқот атрофи мавзӯъҳои ҳамкории минтақавӣ ва роҳҳои фаъолтар кардани кори абзори дуҷониба, аз қабили комиссияҳои байниҳукуматии ду кишвар табодули назар сурат пазируфт.
Сафири нави Афғонистон дар Тоҷикистон ба ҷойи Залмай Юнусӣ, ки ҳанӯз моҳи майи соли 2018 мансабашро тарк карда буд, таъин шуд.
Маълум аст, ки генерал-лейтенанти артиши Афғонистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар замоне ба ҳайси роҳбари Кумитаи олимпии Афғонистон ва консули генералии ин кишвар дар Мюнхен (Олмон) ифои вазифа кардааст.
Муҳаммад Зоҳир Ағбар соли 1964 дар маркази вилояти Нангарҳор таваллуд шудааст. Падари ӯ Муинуддин ба сифати афсари ҳукуматӣ хизмат карда, писарашро ҳам ба ин роҳ ҳидоят намудааст. Аз ин рӯ, Зоҳир Ағбар пас аз хатми синфи 9 ба омӯзишгоҳи ҳарбӣ дохил шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Мадина” чӣ гуна занони бешавҳарро ба ҷои кор таъмин мекунад?
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста