Дар доираи сафари расмӣ ба Чин Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 11 май дар Шион бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии мардумии Чин Ван И дидору гуфтугӯ кард.
Тавре дафтари матбуоти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, рағбати худро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои мухталиф изҳор намуданд.
Дар вохӯрӣ ба масъалаҳои татбиқи тавофуқҳои зимни суҳбати телефонии сарони Тоҷикистону Чин ҳосилшуда, имзои санадҳои нави дуҷониба, танзими чорабиниҳои муштарак дар форматҳои гуногун, аз ҷумла дар чаҳорчӯби нишастҳои Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Дар ин росто, ҷонибҳо ба аҳаммияти густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникии ду кишвар, тавсеаи муносибатҳои байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, фарҳангу гардишгарӣ ва ғайра таъкид карданд.
Дар мулоқот инчунин дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар чорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар соҳаи мубориза бо ҳамагирии СOVID-19 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон ҳамкориҳои судманди тарафайн дар чаҳорчӯби СММ, СҲШ, МҲТБО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар поён Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2021-2022 имзо гардид.
Гуфта мешавад, Сироҷиддин Муҳриддин бо волии музофоти Шэнсии Чин Чжао Идэ низ мулоқот анҷом дод.
Ӯ аҳаммияти махсуси музофоти Шэнсиро ҳамчун гаҳвораи тамаддуни Чин, ин чунин Сианро ба сифати шаҳре, ки аз он Роҳи Бузурги Абрешим сарчашма мегирад, таъкид намуд.
Зикр гардид, ки музофоти Шэнсии Чин ва вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳамчун минтақаҳои бародар робитаҳои зич доранд. Ғайр аз ин, Вэйнан ва Данғара низ бародаршаҳр мебошанд.
Вазир таъкид дошт, ки замони авҷи бемории ҳамагири COVID–19 маҳз аз музофоти Шэнси гурӯҳи табибон ва мутахассисон ба ёрии ҳамтоҳои тоҷики худ шитофтанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин сатҳи ҳамкориҳоро дар бахшҳои кишоварзиву иқтисод, маориф ва соҳаҳои гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Репатриант – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста