Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати телефоние, ки шоми 13-уми июл бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш дошт, аз ӯ хост, ки дар ҷаласаи сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, ки қарор аст моҳи сентябр дар Душанбе баргузор шавад, ширкат кунад.
Тоҷикистон имсол раёсати даврии СҲШ ба дӯш дорад.
Ба ҷуз ин, бино ба иттилои Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Антонио Гутерриш вазъи имрӯзаи Афғонистонро низ баррасӣ кардаанд.
"Ҷонибҳо ба вазъи имрӯзаи сиёсиву низомии Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, нигаронии худро аз шиддат гирифтани даргириҳо дар ин кишвари ба мо ҳамсоя иброз доштанд. Зимнан, муҳиммияти мусоидати ҳамаҷониба ба оғози амалии раванди музокироти байниафғонӣ қайд карда шуд",- мегӯяд дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин суҳбати телефонӣ "аз саҳми арзандаи кишвари мо дар татбиқи масъалаҳои мубрами глобалӣ, аз ҷумла дар соҳаи об ёдовар шуда, ба иқдомҳои охири Тоҷикистон ҷиҳати эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва муайян намудани санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо, инчунин таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ишора намуданд".
Дабири кулли СММ ҳам ҳимояти пурраи Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳоду сохторҳои тахассусии онро аз иқдомҳои Тоҷикистон эълон кардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста