Сарвазири Русия Михаил Мишустин ба Вазорати меҳнат супориш дод, ки дар ҳамдастӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Русия бо Тоҷикистон гуфтушунид кунад ва дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нафақа созишнома ба имзо расонад. Дар ин хусус дар санаде, ки рӯзи 27 июл дар портали иттилооти ҳуқуқӣ нашр шуд, хабар дода мешавад.
"Ба Вазорати меҳнати Русия супориш дода мешавад, ки бо иштироки ВКХ Русия бо Тоҷикистон гуфтушунидҳо анҷом диҳад ва зимни ба даст овардани созиш, аз номи Русия шартнома ба тасвиб расонад”, - гуфта мешавад дар санад.
Дар баробари ин, зикр мешавад, ки ба лоиҳаи созишномаи замимашаванда тағйироте ворид кардан мумкин аст, ки хусусияти усулӣ (принсипӣ) надоранд.
Дар лоиҳаи созишнома омадааст, ки ҳар кадоме аз тарафҳо пардохти нафақаро бар асоси собиқаи суғурта, ки ҳангоми кор дар қаламрави кишвар ба даст овардааст, таъин мекунад.
Рӯзи 23 июл Думаи Давлатии Русия тавзеҳ дод, ки пардохти нафақа ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба ватан бармегарданд, аз ҳисоби саҳмҳое, ки корфармо барои онҳо дар давраи корашон дар Русия пардохт намудааст, сурат мегиранд.
Қаблан роҳбари Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода изҳор карда буд, ки Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамаи ҷанбаҳои лоиҳаи созишнома дар бораи ҳалли масъалаҳои нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба мувофиқа расиданд.
Ба гуфтаи номбурда, тамоми паҳлӯҳои баҳсбарангези лоиҳаи созишномаи байни кишварҳо дар соҳаи таъминот бо нафақа ҳангоми видеоконфронсҳои корӣ ҳаллу фасл шуданд.
"Лоиҳа дар мувофиқа бо ВКХ ба баррасии ҳукумат пешниҳод шудааст. Созишнома андозаи нафақаеро, ки шаҳрвандони тоҷики дар Русия қарордошта мегиранд, ба танзим медарорад", - гуфт Давлатзода.
Ба гуфтаи вай, ҳоло дар масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ Тоҷикистон бо Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ гуфтушунид дорад, ки бо онҳо аллакай созишнома ба имзо расидааст.
Ҳамзамон Давлатзода саҳеҳтар шарҳ дод, ки ба шаҳрвандони тоҷики машғули кор дар кишварҳое, ки Тоҷикистон бо онҳо дар бораи масоили нафақа созишнома надорад, минбаъд бинобар сабаби набудани собиқаи кории сабтшуда нафақаи иҷтимоӣ таъин мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста