Дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк 22 сентябр бо ташаббуси ҷониби амрикоӣ нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои иштирокдори қолаби “С5+1” баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва котиби давлатии ИМА ширкат варзиданд.
Тавре департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, дар нишасти мазкур Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ҳамоиш ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъият дар Афғонистон табодули назар намуданд.
Дар вохӯри масоили мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду чолишҳои амниятӣ баррасӣ шуд.
Дар ин росто вазирон ба зарурати тақвияти ҳамкориҳо ва иқдомҳои ҳамоҳангшудаи муштарак байни кишварҳои минтақа таъкид карданд.
Бино ба маълумоти ВКХ Ӯзбекистон, вазирон оид ба масъалаҳои мубрами рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, амнияти минтақавӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, рафъи оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии пандемияи COVID-19 табодули афкор намуданд.
Роҳбарони ҳайатҳо вазъи Афғонистонро баррасӣ карда, ба нафъи расонидани кӯмак ба мардуми афғон барои пешгирии бӯҳрони башардӯстона, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, ки ба ҳамгироии ин кишвар ба равандҳои иқтисодии минтақавӣ мусоидат мекунанд, изҳори назар карданд.
Онҳо махсусан ба зарурати муттаҳид кардани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо чолишҳои умумӣ ва таҳдидҳо ба суботу амнияти кишварҳои минтақа таъкид карданд.
Дар поёни нишаст изҳороти муштарак қабул шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста