Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радио дар робита ба манъи наворҳои таблиғотии телевизионҳо (рекалам), ки иштирокчиёнашон бо риш намудор мешаванд, “экспансия” ё интиқоли маҷбурии фарҳангу мафкура номид ва гуфт, ки чунин зуҳурот хилофи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст.
Номбурда, ки имрӯз, 8 феврал дар ҳузури журналистон суҳбат мекард, афзуд, барои он, ки як тарзи ҳаёт, як тафаккур, як фарҳанг оламгир шавад, барандагони ҳамон фарҳангу мафкура бо шаклҳои мухталиф ҳамон фарҳангу мафкура ва тарзи ҳаётро экпансия ё ҷабран интиқол медиҳанд.
“Чунин зуҳурот мухталиф ба истиқлолияти давлатӣ, ба оромию осоиштагӣ ба рушду суботи кишварҳои алоҳида, аз ҷумла ба Тоҷикистон аст. Дар шакли кино, дар шакли китоб, дар шакли сару либос, дар шакли зоҳирӣ ҳам тақлид карда, экпансия мекунанд. Мо муқобили чунин зуҳурот ҳастем”, - иброз дошт раиси кумита.
Нуриддин Саид афзуд, ки барандагон ин фарҳангҳоро ҷабаран интиқол медиҳанд ва мехоҳанд, ки оламгир шавад.
“Экпансия” шудани фарҳанг ва мафкура дар посух ба суоли манъи наворҳои таблиғотии телевизионҳо (рекалам), ки иштирокчиёнашон бо риш намудор мешаванд, дар ҳолест, ки моҳи декабри соли 2021 намояндаи як ширкати тиҷоратӣ ба “Азия – Плюс” гуфта буд, яке аз телевизионҳои давлатӣ барои нашри навори таблиғотӣ, ки муҷрии навор риш дошт худдорӣ карданд. Он замон аз Кумитаи телевизион ва радио шарҳ дода буданд, ки чунин тасмиме дар кори телевизионҳо нест ва дар ин бора ягон қарори дахлдор ё сандаи ҳуқуқие қабул нашудааст
- Агар дар навори таблиғотӣ меъёри ахлоқӣ риоя нашавад, манъ мекунанд. Вале барои риш чунин маҳдудият нест. Дар телевизион формати муайян ҳаст, масалан, либос, чеҳра, одоби сухан ва қоидаҳои имло бояд пурра риоя шавад. Дар он формат дар бораи риш умуман чизе гуфта нашудааст, - гуфта буд сӯхангӯи Кумитаи телевизион Иброҳим Аҳмадов.
Аз телевизионҳо ҳам он замон гуфта буданд, ки чунин маҳдудият дар кори онҳо нест ва чандин наворҳои таблиғотии ширкатҳои тиҷоратӣ имрӯз, дар телевизиони онҳо нашр мешавад, ки ширкаткунандагон риш доранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.





Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?
Сардори Раёсати тандурустии Суғд, ки ба ришвагирӣ гумонбар буд, бо пардохти ҷарима аз ҳабс озод шудааст
Як бунёди аврупоӣ ба ширкати “Шоҳин Эйрлайнз” беш аз $200 млн сармоягузорӣ мекунад
Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста