Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати васеи ҳукумати кишвар барои анҷоми сафари расмӣ ба Миср рафтааст. Ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии Қоҳира намояндагони ҳукумати ин кишвар истиқбол намуданд. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, кишоварзӣ, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Палатаи савдо ва саноат, Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақил ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар бораи ҷузъиёти бештари сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Миср хабар дода нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Миср моҳи апрели 1993 барқарор гардида, ин кишвар истиқлолияти Тоҷикистонро 1 январи 1992 ба расмият шинохт.
Эмомалӣ Раҳмон бори аввал бо президенти он вақтаи Миср Ҳуснӣ Муборак моҳи декабри соли 1994 дар ҳошияи 7-умин гирдиҳамоии Сарони давлатҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ дар Дорулбайзо мулоқот намуда буд.
Ҳамин тариқ, 4 феврали 2007 президенти Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба Миср рафт ва роҳбарони ду давлат панҷ санади ҳамкорӣ ба имзо расонида буданд.
Гуфта мешавад, ки заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Мисрро 9 санади ҳамкорӣ ташкил медиҳад.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон менависад, ки дар заминаи созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, бо истифода аз бурсияҳои давлатӣ табодули муҳассилон ба роҳ монда шудааст ва даҳҳо донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Қоҳира ва Айни Шамс дар Миср ва теъдоди зиёди донишҷӯён ва аспирантҳои мисрӣ дар Тоҷикистон таҳсил менамоянд.
Қобили зикр аст, ки ҳаҷми умумии табодули коло миёни Тоҷикистон ва Миср дар соли 2021 ба 773,4 ҳазор доллар баробар шуда, дар муқойиса бо соли 2020 гардиши мол миёни кишварҳо 25,5% афзоиш ёфтааст. Содирот 18 ҳазор доллар ва воридот 755,4 ҳазор долларро ташкил додааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста