Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои роҳбарияти Ӯзбекистон барои ба эътидол овардани вазъ дар Қароқалпоқистони Ӯзбекистон ҷонибдорӣ кард.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар суҳбати телефонии рӯзи 4 июл байни сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҳамчунин доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар намуданд.
Сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро дар партави тавофуқҳое, ки дар ҷараёни сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон рӯзҳои 2-3 июни соли равон ҳосил шуда буданд, баррасӣ карданд.
Қобили зикр аст, ки сарони кишварҳои Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва Қирғизистон - Содир Ҷабборов низ аз амалкардаи президенти Ӯзбекистон дар мавриди ба эътидол овардани вазъият дар Қароқалпоқистон ҳимоят карданд.
Ба навиштаи podrobno.uz, президенти Қазоқистон аз тадбирҳои қатъии Мирзиёев ҷиҳати ҷилавгирӣ аз амалҳои ғайриқонунӣ, таъмини субот ва рушди устувор дар ин минтақа комилан ҷонибдорӣ кард.
Президенти Қирғизистон аз иқдомоти қатъӣ, ки раисиҷумҳури Ӯзбекистон ба манзури саркӯби талошҳо барои бесубот кардани вазъ дар Қарақалпоқистон анҷом додааст, комилан ҷонибдорӣ кард.
Ёдрас мекунем, ки пас аз эълони ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи Ӯзбекистон, ки дар онҳо бекор шудани мустақилии Қарақалпоқистон пешбинӣ гардида буд, дар Нуқус намоишҳои эътирозӣ сар заданд. Эътирозҳо баъди ба Нуқус омадани президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва изҳори назари ӯ бобати бекор шудани ин тағйирот ба охир расиданд.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар ҷараёни нооромиҳои рӯзи 1-2 июл дар маркази маъмурии Қароқалпоқистон - Нуқус 18 нафар (4 нафарашон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ) фавтида, 243 кас осеб дидаанд, аз ҷумла 38 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Ба 149 нафар ёрии аввалияи тиббӣ расонида шуда, ба хонаҳояшон рухсатӣ шудаанд. 94 нафар дар бемористонҳо боқӣ монда, бархе ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Прокуратураи генералии Ӯзбекистон, ки ҷузъиёти бетартибиҳоро ошкор намуд, 13 нафар аз иштирокчиёни ҳалокшудаи эътирозҳо дар ҳолати мастӣ аз машрубот ва маводи нашъаовар қарор доштаанд.
Прокуратураи генералӣ ҳамчунин хабар дод, ки зимни бетартибиҳо ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Гвардияи миллӣ, фурудгоҳ ва маркази барқарору тавонмандӣ, ки дар он маҳкумшудагон нигаҳдорӣ мешуданд, ҳамлаҳо сурат гирифтааст.
Рӯзи 4 июл парлумони Ӯзбекистон тасмим гирифт, ки мақоми худмухтории Ҷумҳурии Қароқалпоқистон дар тарҳи Конститутсияи ин кишвар ҳифз карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар Қароқалпоқистон аз 3 июл то 2 август реҷаи ҳолати фавқулода ҷорӣ шудааст.
Қадам ба қадам. Муҳоҷирон дар Русия чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро қонунӣ кунанд?
Сироҷиддин Муҳриддин бо Аббос Ароқчӣ мулоқот кард
Варзишгоҳи нави Душанбе: Ҳоло чӣ вазъ дорад ва бунёди он кай ба анҷом мерасад?
“Оилаи беҳтарин”-и Тоҷикистон маълум шуд. Онҳо кистанд ва чӣ гуна ғолиб шуданд?
Трамп гуфт, Амрико ба Эрон барои тавофуқи ҳастаӣ пешниҳод додааст. Теҳрон ин иддаъоро рад кард
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки кадом шаҳру ноҳияҳо бештар барқро талаф додаанд
Пули муфт. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад дар лоиҳаҳои карбогидратҳо миллионҳо ба даст орад?
Табодули асирон ва талош барои мулоқоти Путину Зеленский. Натиҷаи музокираи Русияву Украина дар Истанбул
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 майи соли 2025
Муфтии Тоҷикистон: “Касоне, ки назди ҷодугарон мераванд, кофир мешавад ва никоҳашон ботил мегардад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста