Имрӯз суҳбати телефонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Русия Владимир Путин баргузор гардид.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, сарони ду кишвар ба муносибати 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ҳамдигарро табрик гуфтанд.
Гуфта мешавад, зимни суҳбат президентҳо тамоюли мусбати рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ таъкид карданд.
“Сарони ду давлат ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон табодули афкор анҷом дода, ҷадвали чорабиниҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро дар соли ҷорӣ муҳокима карданд”, - омадааст дар хабар.
Дар фарҷоми гуфтугӯ Владимир Путин президенти Тоҷикистонро барои иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба ҷашни Рӯзи Ғалаба ба шаҳри Маскав даъват кард.
Дар хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ҳоло дар бораи пазируфта шудан ё нашудани ин даъват тасмим гирифта нашудааст.
Ёдрас мекунем, ки қаблан зикр гардида буд, ки дар гузашти низомии имсола дар Маскав ба муносибати ҷашни Рӯзи Ғалаба ягона сарвари давлати хориҷӣ, президенти Қирғизистон Садир Жапаров ҳузур хоҳад дошт.
Дар хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон изҳор намудаанд, ки сарфи назар аз ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесрнишин (беспилотникҳо) ба Кремл шаби 3 май, Садир Жапаров сафарашро ба Маскав рӯзҳои 8-9 май бекор накардааст.
Ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!
“Заволи пиряхҳо” – филми мустанад оид ба хатари обшавии пиряхҳои Тоҷикистон
Бидуни журнали анъанавӣ. Дар кадом мактабҳои Душанбе истифодаи журнали электронӣ ҷорӣ шудааст?
Artel. Бузургтарин фабрикаи истеҳсоли техникаи маишӣ чӣ тавр фаъолият мекунад?
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Стипендия ба номи Соҳиб Табаров таъсис дода шуд
Китоби “Тоҷикон”-ро нагирифтед? Аз ҳукуматҳои маҳаллӣ пурсед!
Корхонаи коркарди нафти Данғара шарик ва ашёи хом барои коркард меёбад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тарсутар аз тарсу”
Далер Назаров ҷоизаи давлатӣ гирифт
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои вилоят баста мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста