Бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ возеҳу аён мегӯянд, омода нестанд ба таваккал даст зананд ва метавонанд ба таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия бипайванданд. Дар ин бора имрӯз, 16 май, муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Галузин дар Конфронси III Клуби мубоҳисавии «Валдай» дар Осиёи Марказӣ изҳори назар кард, хабар медиҳад ТАСС.

«Бо вуҷуди мувофиқати мавқеъҳо дар мавриди ғайриқобили қабул ва ғайриқонунӣ будани маҳдудиятҳои якҷонибаи иқтисодӣ, як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ бо вуҷуди ин намехоҳанд, ки хавфҳои дахлдорро ба дӯш гиранд, онҳо возеҳ нишон медиҳанд, ки омодаанд чораҳои маҳдудкунандаи Ғарбро риоя кунанд», - гуфтааст муовини вазир.

Михаил Галузин
Сурат: РИА Новости

Муовини вазири корҳои хориҷӣ мушаххас нагуфтааст, ки кадом кишварҳои минтақаро дар назар дорад.

Ба гуфтаи Галузин, Русия ба касе  роҳ нишон намедиҳад (дикта намекунад), ки кадом самти сиёсии берунӣ ва дохилиро бояд пеш гирифт, "вақте ки ин ба уҳдадориҳои тарафайн, аз ҷумла дар доираи СААД, ИИАО (ЕАЭС) ва ИДМ мухолифат намекунад".

"Мо итминон дорем, ки дар пойтахтҳои Осиёи Марказӣ инро хуб мебинанд ва дарк мекунанд: тахриби сунъии равобит бо Русия метавонад хисороти ҷиддитар аз хароҷоти таҳримҳои дуввумдараҷаи маъруфро ба бор орад", - илова намуд ӯ.

Муовини вазир таъкид кард, ки Русия тасмим гирифтааст, муносибатҳои шарикии стратегиро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пайваста таҳким бахшад.

Конфронси Валдай дар мавзӯи “Русия ва Осиёи Марказӣ: Иртибот бо ҷаҳони тағйирёбанда” рӯзҳои 16 ва 17 май дар Донишгоҳи давлатии Томск баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.