Имрӯз, 29-уми май, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ҳамтои худ Раҷаб Тайиб Эрдуғонро бо пирӯзӣ дар интихоботи президентии Туркия табрик гуфт.
Дар матни табрикотии сарвари давлати Тоҷикистон, ки сомонаи расмии ӯ интишор кардааст, гуфта мешавад: “Натиҷаҳои ин чорабинии муҳими сиёсӣ боз як далели эътимоди ҷомеаи Туркия ба Шумо ва аз ҷониби он ба таври васеъ дастгирӣ ёфтани сиёсати созандаатон мебошад, ки ба рушди пойдори кишвар ва таҳкими нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст”.
Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи Раҷаб Тайиб Эрдуғонро ба раванди густариши робитаҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистону Туркия ҷалб карда, изҳори боварӣ намудааст, ки “дар давраи нави фаъолияти Шумо дар ин маснади олӣ мо муколамаи созандаи байнидавлатии ҷонибҳоро идома бахшида, ба нафъи мардумонамон мазмуну муҳтавои муносибатҳои шарикии дарозмуддати ду кишварро бо тадбирҳои нави амалӣ боз ҳам ғанӣ хоҳем гардонид”.
Дар охир роҳбари давлати Тоҷикистон ба президенти Туркия сиҳатмандии комил ва комёбиҳо ва ба мардуми Туркия сулҳу амонӣ хостааст.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 28-уми май, дар Туркия даври дуюми интихоботи президентӣ баргузор шуд. Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар даври дуюми интихоботи президенти бо Камол Қиличдороғулу вориди рақобат шуд ва бо касби бештар аз 52 дарсади оро, пирӯз гардид.
Баъди пирӯзӣ Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар як суханронӣ миёни ҳаводоронаш дар Истанбул бо қадрдонӣ аз мардумаш барои иштирок дар интихобот гуфт, ки “онҳо ба мо масъулият доданд, ки барои панҷ соли дигар дар қудрат бошем”.
Камол Қиличдороғулу бошад интихоботро “ноодилона” хонд.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон соли 2003 сарвазири Туркия интихоб шуда, то соли 2014 дар ин мақом фаъолият кардааст. Пас аз ворид кардани тағйироб ба сарқонуни Туркия, ӯ соли 2014 президенти кишвар интихоб шуд ва то кунун дар ин маснад боқӣ мемонад.
Ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!
“Заволи пиряхҳо” – филми мустанад оид ба хатари обшавии пиряхҳои Тоҷикистон
Бидуни журнали анъанавӣ. Дар кадом мактабҳои Душанбе истифодаи журнали электронӣ ҷорӣ шудааст?
Artel. Бузургтарин фабрикаи истеҳсоли техникаи маишӣ чӣ тавр фаъолият мекунад?
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Стипендия ба номи Соҳиб Табаров таъсис дода шуд
Китоби “Тоҷикон”-ро нагирифтед? Аз ҳукуматҳои маҳаллӣ пурсед!
Корхонаи коркарди нафти Данғара шарик ва ашёи хом барои коркард меёбад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тарсутар аз тарсу”
Далер Назаров ҷоизаи давлатӣ гирифт
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои вилоят баста мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста