Давоми се ҳафтаи охир, фишор ба донишҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия якбора афзуд. Мақомоти интизомии Русия донишҷӯёни тоҷикро латукӯб ва муҳоҷирони кории тоҷикро дар кучаву бозор, ҷои кор, назди масҷидҳо ба таври оммавӣ дастгир мекунанд. Муҳоҷирон шикоят доранд, ки бо вуҷуди ҳузури қонунӣ мақомоти интизомии Русия онҳоро бо ҳар баҳона латукӯб ва ҷарима карда, дар баъзе ҳолатҳо аз кишвар хориҷ мекунанд.

Рӯзи 19-уми майи соли равон беш аз 100 донишҷӯи тоҷики донишгоҳи Комсомолски лаби Амур аз сӯи нерӯҳои амниятии минтақаи Хабаровск мавриди латукӯб ва муносибати дағал қарор гирифтанд.

Мақомоти Русия расман шарҳ надоданд, ки чаро донишҷӯён латукӯб ва боздошт шуданд.

Баъдан, хабари боздошти оммавии муҳоҷирон дар шаҳрҳои гуногуни Русия бо ҳар баҳона расонаӣ шуданд, ки ҳеҷ кадоме аз онро мақомоти ин давлат расман шарҳ надоданд.

Дар пайи латукӯби донишҷӯён ва боздоштҳои оммавии муҳоҷирони тоҷик дар Русия, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Семён Григорев, Сафири Русия дар Тоҷикистонро ба бинои вазорат даъват ва нигаронии худро аз бархӯрди номуносиб бо донишҷӯёну муҳоҷирони тоҷик иброз намуд.

Инчунин, вазири корҳои дохилӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо ирсоли мактуб ба ҳамтоёни руси худ таҳқиқи одилонаву холисонаи латукӯбу боздошти оммавии донишҷӯёну муҳоҷирони тоҷикро талаб карданд.

Аммо мақомоти Русия то ҳол ба ҳеҷ як талабу дархости мақому ниҳодҳои Тоҷикистон расман вокуниш нишон накардааст ва асли воқеаро шарҳ надодааст.

Аз ин ҷост, ки саволи “Чаро латукӯбу боздошти оммавии донишҷӯёну муҳоҷирони тоҷик авҷ гирифт?” то ҳол посух мехоҳад.

Зафар Саидзода, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екетеринбурги Русия тасдиқ кард, ки ҳолатҳои бархӯрди номуносиби мақомоти Русия бо муҳоҷирони кории тоҷик афзоиш ёфтааст, аммо гуфт, ба саволи “Чаро латукӯбу боздошти оммавии донишҷӯёну муҳоҷирони тоҷик авҷ гирифт?” бояд мақомоти Русия посух диҳанд.

Зафар Саидзода

“Ҷалби тоҷикон барои ҷанг дар Украина”

Шуҳрат Қудратов, вакили дифои тоҷик, ки дар Русия ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон машғул аст, мегӯяд, “шикор”-и навбатии муҳоҷирон аз сӯйи мақомоти Русия омилҳои сиёсӣ дорад ва Маскав бо ин роҳ мехоҳад болои Ҳукумати Тоҷикистон фишор орад.

“Рӯзҳои наздик дар Русия даври дуюми сафарбаркунии ҳарбӣ оғоз мешавад ва ба он зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамчунин шаҳрвандӣ, ҳаққи иқомати муваққат (РВП) ва ҳаққи иқомат (ВНЖ)-и Русияро доранд, бештар ҷалб мешаванд. Ин фишор ба он маъно аст, ки давлати Тоҷикистон нисбати амалҳои минбаъдаи Русия ҷиҳати ҷалби тоҷикон ба ҷанг дар Украина даъво пеш наорад”, - мегӯяд Шӯҳрат Қудратов.

Шуҳрат Қудратов

Ба қавли Шуҳрат Қудратов, муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба таври қонунӣ кору фаъолият доранд ва ин ҳама айбдоркунӣ ба “қонуншиканӣ” баҳона аст.

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия низ бовар дорад, ки “шикор”-и тоҷикон дар Русия навъе фишор ба Тоҷикистон аст, ки садди иштироки шаҳрвандонаш дар ҷанги Украина аз ҷониби Русия нашавад.

“Латукӯбу боздоштҳо замоне оғоз шуд, ки Тоҷикистон гуфт, “бақайдгирии тоҷикони дар ҷанги Русия зидди Украина ширкатдоштаро оғоз мекунад ва онҳоро ҷазо медиҳад”. Ин ба манфиати Русия нест, зеро ду кишвар шартнома оид ба душаҳрвандӣ доранд ва бештари нафарони дорои душаҳрвандӣ дар Тоҷикистон иқомат доранд. Тоҷикистон аз иштироки шаҳрвандонаш дар ҷанг дар ташвиш аст ва ин ба Русия хуш намеояд”, - гуфт Каримҷон Ёров.

Каримҷон Ёров
Акс аз Радиои Озодӣ

Сайфулло Сафаров, сиёсатшинос ва муовини аввали пешини Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон муътақид аст, авҷгирии боздошту латукӯби муҳоҷирону донишҷӯён “кори гуруҳҳои алоҳида дар дохили мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия аст, ки зидди манфиатҳои ин кишвар, кушиш доранд, миллатҳои дигарро алайҳи Русия бархезонанд”.

Ӯ бовар надорад, ки тасмими Тоҷикистон оид ба тартиб додани рӯйхати тоҷикони дар ҷанги Русияву Украина иштирокдошта (дар ин бора чанде пештар Радиои Озодӣ хабар дода буд) боиси авҷи боздошту таъқиби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик шуда бошад.

Пайомади наздикӣ бо Чин?

Ангезаи дигари “маъракаи зидди тоҷикон” дар Русия ба андешаи Шӯҳрат Қудратов, сафари Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи дигар президентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Чин аст.

Шуҳрат Қудратов мегӯяд, Русия, ки Осиёи Марказиро минтақаи зери нуфузи худ медонад, эҳсос мекунад, ки солҳои охир дар ин минтақа нуфузашро аз даст медиҳад ва аз ин дар ташвиш аст.

“Ҳоло кишварҳои минтақа бо Чин равобити хешро бештар тақвият медиҳанд. Аз ин лиҳоз, Русия бо фишор болои тоҷикон дар кишвари хеш, мехоҳад ба давлатҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон ҳушдор диҳад, ки наздикӣ бо Чин паёмад дорад”, - гуфт Шуҳрат Қудратов.

Сайфулло Сафаров ба ин ақида розӣ нест ва мегӯяд, Президенти Тоҷикистон “тарафдори нишасти формати G5+1 нест”.

“Президенти Тоҷикистон ба Чин сафари давлатӣ дошт ва дар ҳошияи сафараш дар ин саммит иштирок кард. Аз ин ҷо, русҳо бояд дарк кунанд, ки вақте шахс дар меҳмонӣ асту ба чорабинии сатҳи баланд даъват мекунанд, рад карда намешавад”, - гуфт Сафаров.

Ба андешаи Сайфулло Сафаров, агар наздикшавии Тоҷикистон ба Чин боиси фишор болои муҳоҷирони тоҷик мешуд, пас ин кор ҳатман болои муҳоҷирони кории кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ки роҳбаронашон дар баробари Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар карданд, сурат мегирифт.

Сайфулло Сафаров

Фишанги №1

Муҳоҷирони меҳнатӣ давоми даҳсолаҳост, ки ба як василаи аслии фишори Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистон ҷиҳати дастёбӣ ба ҳадафҳои сиёсӣ табдил ёфтааст ва ин аввалин маротиба нест, ки Русия аз ин “фишанг” истифода мекунад.

Солҳои қабл низ мансабдорони сатҳи гуногуни Русия сари ҳар чанд вақт ва барои ба манфиати худ ҳал кардани ин ё он масъала ба ҳузури муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва оқибатҳои ихроҷи онҳо ишораҳо мекарданд.

Барҷастатарин мисол раҳоии халабони рус дар соли 2011 буд. Он сол мақомоти Тоҷикистон ду халабон – яке шаҳрванди Русияву дигарӣ шаҳрванди Эстонияро боздошт ва барои қочоқ, убури ғайриқонунии марз ва нақзи меъёрҳои байналмилалии парвоз муттаҳам карданд. Баъди эълони ҳукми зиндонӣ шудани халабонҳо, мақомоти Русия ба боздошту ихроҷи оммавии шаҳрвандони Тоҷикистон даст заданд. Зери чунин фишор, мақомоти Тоҷикистон пас аз чанд рӯзи маҳкум кардани халабонҳо, маҷбур гардид, халабонҳои муттаҳамро раҳо кунанд. Танҳо пас аз ин, яъне ноил гардидан ба ҳадафи хеш, Русия фишор болои муҳоҷиронро то андозае коҳиш дод.

Ин навбат Русия кадом ҳадафи худро дунбол дорад ва кай ба латукӯбу боздоштҳои оммавии донишҷӯёну муҳоҷирони кории тоҷик, ки мухолиф ба аҳди шарикии стратегӣ аст, поён медиҳад, то ҳол ошкор накардааст. Вале аниқ аст, ки боздошту таъқиби муҳоҷирони кории тоҷик бесабаб нест ва як паёми мушаххасе дар пай дорад, ки бо гузашти вақт амалҳои Русия рӯшан хоҳад кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.