Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзҳои 16-17-уми ноябр ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон сафар мекунад. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.
Ба навиштаи расонаҳои Қирғизистон 16-уми ноябр дар қароргоҳи давлатии “Ала-Арча” ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии ИДМ баргузор мегардад, ки дар он сарони ҳайатҳои парлумонӣ ширкат меварзанд. Дар ин ҷаласа масъалаҳои ҷории рӯзномаи маҷлис, ҷамъбасти чорабиниҳои соли 2023 ва мониторинги маъракаҳои интихоботӣ дар ИДМ баррасӣ мегарданд.
Ҳамон рӯз ҷаласаи комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарламентии ИДМ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва хамкории байналхалқӣ ва сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон барпо мегардад.
Зимни ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони ИДМ масъалаи калидӣ баррасии амнияти иттилоотӣ дар интернет хоҳад буд.
Рӯзи 17-уми ноябр дар қароргоҳи давлатии “Ала-Арча” ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ баргузор мешавад, ки дар он дар баробари вакилони порлумон намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, олимону коршиносон ширкат мекунанд.
“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон
Боздошти як мард бо гумони фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо
“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст
Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд
Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста