Илҳом Алиев дар маъракаи интихоботи ғайринавбатии президенти Озарбойҷон ғолиб эълон шуд. Тибқи маълумоти пешакии Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар, ба ҷонибдории ӯ 92,1%-и интихобкунандагон овоз додаанд.

Тавре ки ВВС менависад, барои курсии президентӣ ба ҷуз Алиев, ки аллакай 20 сол инҷониб зимоми қудратро дар ин кишвар дар даст дорад, боз 6 номзади дигар довталабӣ доштанд, лекин ба ҳеҷ кадоме аз онҳо муяссар нашуд, ки зиёда аз 2,5%-и раъйи интихобкунандагонро ба даст оранд.

Ба гуфтаи раиси Комиссияи марказии интихоботи Озарбойҷон Мазоҳир Панахов, дар интихоботи пешинаи соли 2018 бо ҳузури 74,5%-и интихобкунандагон Алиевро 86,22%-и раъйдиҳандагон ҷонибдорӣ карда буданд.

Илҳом Алиев аз моҳи октябри соли 2023 зимоми қудратро дар Озарбойҷон дар даст дорад ва маҳз ба муносибати 20-солагии дар мансаби президентӣ буданаш, тасмим гирифт, ки интихоботи ғайринавбатӣ баргузор кунад.

Боз як мақсади дигар - бори нахуст баъди зери назорати Озарбойҷон гузаштани тамоми қаламрави кишвар дар ҷараёни ҷанги соли 2020 ва дар натиҷаи амалиёти низомӣ дар соли 2023 хоҳиши дар саросари давлат баргузор намудани интихобот унвон мешавад.

Дар ин робита президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии Илҳом Алиев барқияи табрикӣ ирсол намуда, интихоби дигарбораашро боз як далели равшани боварии баланди ҷомеаи Озарбойҷон ва дастгирии васеи он аз роҳи стратегии ӯ номид.

Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев
Сурат аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

“Зимни таъкиди саҳми назарраси шахсии Шумо дар таҳкиму таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Озарбойҷон, алоқамандии ҷониби моро ба рушди ҳамаҷонибаи минбаъдаи онҳо изҳор менамоям”, - омадааст дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон.

Дар барқия изҳори итминон мешавад, ки дар оянда низ дар баробари пешбурди муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар ҷиҳати ғанӣ гардонидани онҳо бо мазмуну муҳтавои нави амалӣ ба нафъи мардуми ҳарду кишвар саъю кӯшишҳои муштарак сурат хоҳад гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.