Дар шаҳри Қазон зимни як маросими бошукӯҳ президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Минниханов бо мукофоти олӣ-ордени “Дуслик” (Дӯстӣ) сарфароз гардонда шуд.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми барҷаста дар рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Тотористон ва таҳкими дӯстию тафоҳум миёни мардумон бо ин мукофот қадрдонӣ шудааст.
Сарвари давлати Тоҷикистон ба президенти Ҷумҳурии Тотористон барои чунин қардшиносии олӣ арзи сипос намуда, ин мукофоти олиро баҳои арзанда ба тамоми мардуми Тоҷикистон мансуб донист.
Зимни суханронӣ ба ин муносибат Эмомалӣ Раҳмон аз имкону захираҳои фаровон барои густариши ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Тотористон ёдовар шуда, ҳавасмандии Тоҷикистонро ба истифодаи пурсамар аз онҳо таъкид дошт.
Хотиррасон гардид, ки мардуми Тоҷикистон бо Тотористон робитаҳои судманди ҳамкорӣ дорад ва дар ин зимн барои муҳайёсозии заминаҳои хуби таҳсилотӣ ба донишҷӯёни сершумори тоҷик дар ин минтақа арзи сипосу қадрдонӣ карда шуд.
Қаблан дар музокироти ҳайатҳои расмии кишварҳо таъкид шуд, ки Русия шарики стратегӣ ва ҳампаймони Тоҷикистон буда, ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳо як ҷузъи муҳими муносибатҳои ду кишварро ташкил медиҳад.
Тавре зикр гардид, ҳоло беш аз 80 субъекти федералии Русия бо Тоҷикистон робитаҳои мустақим доранд.
Зимни гуфтушунид таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба густариши минбаъдаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Тотористон манфиатдор аст. Аз ҷумла ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни саноат, ба мисли металлургия, саноати химия, сабук, хурокворӣ ва дорусозӣ ҳамчун самтҳои дорои дурнамои судбахш номида шуд.
Ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои барои ҳар ду кишвар судовари энергетика, истихроҷи маъданҳо ва нафту газ, сохтмон ва кишоварзӣ, инчунин таъсиси марказҳои муштараки савдои яклухт ва логистикӣ дар Тоҷикистон ва Тотористон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Гуфта мешавад, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва сайёҳӣ низ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.
Далер Назаров ва асарҳои офаридаи ӯ дар синамо
Чӣ тавр Telegram-каналҳои русгаро барои хатарнок нишон додани муҳоҷирон маълумотро таҳриф мекунанд
Озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” ҷамъбаст шуд. Киҳо ғолиб гардиданд?
Ярмаркаи фурӯши ангишт дар Суғд. Он чанд рӯз идома мекунад ва нархи ангишт чанд аст?
Таваққуфгоҳҳои пулакӣ дар Душанбе чӣ гуна кор мекунанд ва чӣ тавр осон метавон пардохт кард?
“Гавҳари ашк”-и Озарахш ва “Сетор”-и Фарзона чоп шуд
Дар Душанбе се нафар худро устои таъмири хона муаррифӣ намуда, ба ғоратгарӣ даст заданд
Омӯзиши забони кореягӣ ва касб барои кор дар Корея. Ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Президенти пешини Русия гуфт, қабули кӯдакони муҳоҷироне, ки забони русиро намедонанд, ба мактаб қатъ карда шавад
Даргузашти “духтари газета” - Гулчеҳра Фозилова
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста