Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бори дигар ба оташбаси фаврӣ дар Фаластин даъват кард. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин бора ӯ зимни ҷаласаи ғайринавбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ), ки рӯзи 5 март дар Ҷидда баргузор шуд, изҳори назар кард.

Сироҷиддин Муҳриддин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ анҷоми иқдоми муассирро ҷиҳати оташбаси фаврӣ дар Фаластин ва бо роҳи мусолиҳатомез расидан ба сулҳи пойдор дар ин минтақа даъват ба амал овард.

Моҳи декабри соли 2023 низ Тоҷикистон аз қатъномае, ки ба “оташбаси фаврии доимӣ ва устувор” дар навори Ғазза”даъват мекард, ҷонибдорӣ карда буд.

Ҳамчунин моҳи октябри соли 2023 ҷумҳурӣ қатъномаи ба ин монандро дастгирӣ карда буд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11 ноябри соли 2023 зимни суханронӣ дар нишасти муштараки Лигаи давлатҳои арабӣ дар Ар-Риёз “куштори ҳазорон сокинони осоишта” ва “тахриби зерсохтори ҳаётан муҳим”-ро дар Ғазза маҳкум кард.

Ӯ ҳамчунин таъсиси Давлати Фаластинро дар сарҳадҳои соли 1967 бо пойтахташ дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ дастгирӣ намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.