Дар доираи сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Италия пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар маҷмуъ аз руйи натиҷаҳои вохӯрии сатҳи олӣ 7 санади нав ба имзо расид:
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои амниятӣ;
- Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкории оперативӣ дар мубориза бар зидди маводи нашъовар;
- Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сайёҳии Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
- Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия барои солҳои 2024-2027;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди устувор байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист ва амнияти энергетикии Ҷумҳурии Италия;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ;
- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Италия барои солҳои 2024-2026.
Пеш аз ин зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Италия Ҷорҷа Мелонӣ масоили густариши робитаҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва амниятӣ баррасӣ шуд.

Ҳар ду ҷониб оид ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ, металлургӣ, маъдан, кимиё, кишоварзӣ, дорусозӣ ва сайёҳӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Ҷалби сармояи итолиёвӣ барои рушди соҳаи саноати Тоҷикистон барои ҳар ду кишвар судовар номида шуд.
Таъсиси хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ ва робитаҳои ду ҷониб дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҷудо кардани квотаҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои олии Италия аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд.
Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷорҷа Мелонӣ даъват кард, ки дар вақти барояш мусоид бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф орад.
Рӯзи 23 апрел Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо президенти Италия Серҷо Маттарелла дидору гуфтушунид кард.
“Мо Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем”, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат.
Ҷонибҳо зимни музокирот маҷмӯи масоили ҳамкории байни ду давлат ва густариши робитаҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, инчунин имконоти татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузориро баррасӣ карданд.

Таъкид гардид, ки таъсиси Шӯрои муштараки тиҷоратӣ барои густариши ҳамкории ҷонибҳо дар бахши хусусӣ иқдоми саривақтӣ хоҳад буд.
Дар рафти мулоқот масоили дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ дар самти рафтуомади шаҳрвандон ва таъсиси хатсайри мустақими ҳавоӣ байни ду давлат баррасӣ гардид.
Зимни баррасии масоили амниятӣ ҷонибҳо оид ба роҳҳои муборизаи босамар бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ изҳори назар карданд.
Дар фароварди мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз президенти Италия даъват ба амал овард, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф орад.




Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ишқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста