Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 24-уми декабр барои ширкат дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бо як сафар ба Русия меравад. Дар ин бора як манбаъ аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Манбаъ гуфт, дар ҳошияи ин сафар мулоқоти алоҳидаи Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар назар аст.
Қаблан, Юрий Ушаков, ёвари Владимир Путин ба хабаргузории "Интерфакс" гуфта буд, ки президенти Тоҷикистон шоми 24-уми декабр бо раисҷумҳури Русия дар маҷмааи истироҳатии "Игора" дар вилояти Ленинград вохӯрда, мавзӯъи муҳоҷират ва вазъи Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард.
"Раисҷумҳурҳо мувофиқа карданд, ки як ба як мулоқот кунанд, то дар фазои ором тамоми вазъияти кунунии муносибатҳои дуҷонибаро муҳокима карда, ҳамчунин дар бораи масъалаҳои минтақаӣ, пеш аз ҳама Афғонистон, суҳбат кунанд," - изҳор доштааст Ушаков.
Ҳамчунин, дар ин дидор масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ низ матраҳ мешаванд.
Сафари раисҷумҳури кишвар ва мулқоти ӯ бо президенти Русия дар замоне сурат мегирад, ки баъди ҳамла ба "Крокус", ки дар пайи он 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбар дастгир шуданд, фишору азият болои муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия якбора авҷ гирифт. Мақомоти ин кишвар садҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро дар фурудгоҳҳои Русия бидуни шарҳ рузҳо нигоҳ дошта, аксаран дубора ба Тоҷикистон мефиристанд ва ё баъди тафтиши мӯшикофона ба Русия роҳ медиҳанд.
Ҳамчунин, баъди ин ҳодиса мақомоти Русия қонунгузорӣ дар самти муҳоҷиратро рӯз аз рӯз сахттар карда истодаанд.
Бодя гуфт, ки ҳамасола дар моҳи октябр ва декабр ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои ИДМ дар Русия баргузор мешавад.
Зимнан, соли оянда раёсати ИДМ ба Тоҷикистон гузашт ва дар доираи он чорабиниҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ дар назар аст.





“Моро дуруст фаҳмед”, “Бахилӣ накунед” ё “Вазирони қатор аз паси президент”. Нуктаҳои муҳим ва берун аз матни паёми имсола
Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста